МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ СИНОИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

ИФТИТОҲИ ДУ АДАД ГУЛГУШТ ВА ЯК АДАД МАЙДОНЧАИ ВАРЗИШӢ ДАР ҲУДУДИ НОҲИЯИ СИНО

Published by bro on

Бо мақсади вусъат бахшидани корҳои ободонӣ имрӯз – 31 октябри соли 2023 бо ташаббус ва дастгирии бевоситаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе барои сайругашти сокинон ва меҳмонони дохилу хориҷӣ дар хиёбони Нусратулло Махсум бо тарҳи замонавӣ гулгашти муосир мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Дар ин раванд бо дастгирии соҳибкорӣ ватанӣ, роҳбари ҶДММ “Манзилҳои аъло” Муродов Раҳим дар бӯриши кӯчаи Алишер Навоӣ ва хиёбони Нусратулло Махсум як адад гулгашти нави муосир ва дар кӯчаи Зафар майдончаи варзишии “Душанбе” ифтитоҳ гардида, ба истифода дода шуд.