МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ СИНОИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

ОҒОЗИ ДАВРИ ДУЮМИ (НОҲИЯВӢ) ОЛИМПИАДАҲОИ ФАННИИ ХОНАНДАГОНИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ НОҲИЯИ СИНО

Published by bro on

Дар баробари беҳтар гардидани сифати дониши хонандагон ва иштироки онҳо дар озмуну мусобиқаҳои зеҳнӣ бештар мегардад.

Дар ин замина дар асоси фармоиши мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Сино аз 27.10.2023, №137/13А аз санаи 4 то 9 ноябри соли 2023 аз ҷониби Муассисаи давлатии “Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои ноҳияи Сино” дар Муассисаи давлатии таълимии “Литсейи Умари Хайём” ва Муассисаи давлатии “Маркази таҳлилӣ-иттилоотӣ назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе” даври дуюми (ноҳиявӣ) Олимпиадаҳои фаннӣ хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳияи Сино ташкилу баргузор гардида истодааст.

Дар маросими ифтитоҳи Олимпиадаҳои фаннии хонандагони муасиссаҳои таълимӣ ноҳия муовини Раиси ноҳияи Сино Сафарализода Ситора Сафаралӣ, Мудири шуъбаи маориф ноҳияи Сино Амируллозода Беҳрӯз, Сардори раёсати муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Бобозода Асомиддин, Директори Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳамадҷон Ғафорзода, Директори Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Дилором Муқимӣ ва дигар намояндагон расмӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Ҳадаф аз баргузории Олимпиадаи мазкур баланд бардоштани шавқу рағбати хонандагон ба илмомӯзӣ, ташаккули тафаккури мантиқии хонандагон ва муайян намудани хонандагони болаёқат ба ҳисоб меравад.

Бояд қайд намуд, ки Олимпиадаҳои фаннӣ дар асоси принсипҳои воқеият дар санҷишу баҳогузорӣ, шаффофияту мустақилияти равандҳои баргузории озмун, таъмини дастёбии баробар ба олимпиада ва истифодаи васеи техникаву технологияи муосир дар сатҳи зарурӣ гузаронида мешавад.

Боиси зикр аст, ки Олимпиадаи имсола бори аввал аз руи низоми нави ташкил ва баргузории олимпиада бо истифода аз техникаву технологияҳои инноватсионии муосир баргузор гардид.

Зикр кардан бамаврид аст, ки дар рӯзи оғози баргузории олимпиада 1934 нафар хонандагони муассисаҳои таълимӣ аз фанҳои “Забон ва адабиёти тоҷик”, “Забони русӣ” ва “Технологияи иттилоотӣ” иштирок намуда қобилияти зеҳнии хешро нишон доданд.

Аксҳо аз рафти баргузории Олимпиадаи мазкур.