МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ СИНОИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Табирикоти Раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе муҳтарам Саидзода Т.Н. бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик

Published by bro on

Бо камоли эҳтироми хоса Шумо ва кулли кормандону собиқадорони соҳаи ҳифзи тартиботи ҷамъиятиро ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик самимона табрику муборакбод намуда, бароятон саломативу саодатмандиро таманно дорам.
Аз рӯзҳои аввали таъсисёбии худ кормандони ҳифзи ҳуқуқ дар сафи пеши мубориза баҳри таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон истода, фаъолияти хешро бошарофона идома медоданд.
Ҳодисаҳои солҳои 90-ум ва ҷанги шаҳрвандӣ ба ҳама маълум буд, ки дар кишвар сатҳи ҷинояткорӣ ва фаъолияти гурӯҳҳои муташаккили ҷинояткор баръало эҳсос мешуд ва барои таъмини оромиву осоиштагии ҷомеа, барқарор намудани сохти конститутсионии давлат ва ҳимояи ҳаёти осудаи сокинони мамлакат кормандони милитсия фидокорона кору фаъолият намуда, бо вуҷуди мушкилиҳои зиёди моддиву техникӣ вазифаи муқаддаси худро сарбаландона иҷро намуданд.
Дар ҷомеа падидаҳои нави ҷинояткорӣ, аз қабили терроризм, одамрабоӣ, гаравгонгирӣ, хариду фурӯши одамон, экстремизми динӣ, ҷинояткории муташакилона, муомилоти ғайриқонунии яроқу аслиҳа ва маводи мухаддир ба вуҷуд омаданд, ки фаъолияти кормандони ҳифзи ҳуқуқро боз ҳам вазнинтар гардониданд.
Маҳз дар натиҷаи талошҳои шабонарӯзии кормандони милитсия ва фаъолияти муназзами онҳо бо дигар мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ суботи кишвар ва амнияти шаҳрвандон таъмин гашта, пеши роҳи содиршавии ҳазорон ҷиноят гирифта шуд.
Боиси зикр аст, ки пешрафти ҳаёти давлат ва ҷомеа аз суботу амният ва таъмини оромиву тартиботи ҷамъиятӣ вобастагии мустақим дорад. Дар ин самт заҳмати кормандони мақомоти корҳои дохилӣ хеле назаррас ва муҳим буда, хизматҳои фарзандони меҳан зери таваҷҷӯҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ қарор дорад.
Кормандони ҳифзи ҳуқуқ барои ҳифзи тартибот, таъмини зиндагии осоиштаи мардум, пуштибонии сулҳу субот ва таҳкими волоияти қонун дар ҷомеа нерӯи ҷисмонӣ, маҳорати касбӣ ва донишу малакаи худро дареғ намедоранд ва ба халқу Ватани азизамон беғаразона ва бо дасту дили пок ва содиқонаву софдилона хизмат менамоянд.
Бо ҳамин умедҳо бори дигар кормандони бонангу номуси милитсияро бо иди касбиашон табрик гуфта, дар адои хизмати пуршарафу пурмасъулиятон, ки ба манфиати давлат ва халқи Тоҷикистони азиз равона гардидааст саломатӣ, азму иродаи қавӣ ва барору комёбӣ орзу дорем.
Рӯзи милитсияи тоҷик муборак!