МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ СИНОИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

ТУҲФАИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ МУҲТАРАМ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БА САРОЯНДАИ ТОҶИК

Published by bro on

ш.Душанбе. 06.12.2023. Имрӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ сарояндаи ҷавону умедбахш Фаррух Ҳасановро ба ҳузур пазируфтанд.

Раиси шаҳри Душанбе, ин ҷавони болаёқатро, ки дар мавсими панҷуми озмуни телевизионии Русия – “Биё ҳама якҷо” ғолибиятро ба даст овард, таҳният гуфтанд.
Ҳамчун нишони қадрдонии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси шаҳри Душанбе, ба Фаррух Ҳасанов калиди хонаи 3-ҳуҷрадор дар пойтахт тақдим карда шуд.
Муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба ин ҷавони умедбахш дар эҷоди сурудҳои нав барор таманно намуда, иброз доштанд, ки ҷавонони бо нангу номус муаррифгару номбардори ватани хеш маҳсуб ёфта, ҳамеша зери таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои пайвастаи Пешвои муаззами Миллат қарор доранд.