МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ СИНОИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

ҲАМОИШИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ ТАҲТИ УНВОНИ “ҲАЁТ БО МУҲАББАТ ЗЕБОСТ !”

Published by bro on

Ҳамоиши илмӣ-назариявӣ таҳти унвони “Ҳаёт бо муҳаббат зебост !”

Шуъбаи кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бо маќсади иҷрои банди 2-и “Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе “Оид ба татбиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2014, №294 “Дар бораи Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2023”, ки бо қарори Раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе аз 30 декабри соли 2014, №294 тасдиқ гардидааст,  ҳамоиши омӯзишӣ дар доираи амалиёти байналмиллалии  16 – рӯзи мубориза алайҳи зӯроварии гендерӣ дар мавзӯи “Ҳаёт бо муҳаббат зебост!” миёни намояндагони марказҳои саломатии шаҳрӣ, роҳбарони муассисаҳои таълимӣ, марказҳои ёрирасон, шуъбаҳои офиятбахши тиббию иҷтимоии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ва дигар ниҳодҳои давлатие, ки бевосита ба ҷабрдидагон кӯмакҳои ҳуқуқӣ, равонӣ, тиббию иҷтимоӣ мерасонанд  роҳандозӣ гардид.

Мақсади асосии баргузории чорабинии мазкур ба роҳ мондани ҳамкориҳои муттақобилан судманд байни ниҳодҳои давлатӣ  вобаста ба пешгирии зӯроварӣ дар оила, расонидани ёрии саривақтӣ ба ҷабрдидагон, тарғиби ташаккули тарзи ҳаёти солим, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон оид ба бунёди оилаи солим, пешгирӣ ва огоҳкунии сокинон аз бемориҳои сироятӣ ва таҳкими муносибатҳои оилаву оиладорӣ, мебошад.

Дар чорабинӣ Сафарализода Ситора Сафаралӣ муовини раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, Зуҳурова Заррина- сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе; Саломова Манзура Ғуломовна – Директори МД “Маркази худшиносии бонувон дар шаҳри Душанбе; Ҳасанзода Шаҳло –мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи МИҲД ноҳияи Сино иштирок ва суханронӣ намуданд.