МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ СИНОИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

БАРГУЗОРИИ ДАВРИ НОҲИЯВИИ ОЗМУНИ ШАҲРИИ “КИТОБХОНАИ БЕҲТАРИН”

Published by bro on

Тибқи қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 20 апрели соли 2021, №219 “Дар бораи баргузор намудани озмуни “Китобхонаи беҳтарин” дар шаҳри Душанбе” бо мақсади рушди устувори китобхонаҳо, таҳкими заминаҳои моддиву техникии онҳо, рушду тавсеа, истифодаву корбурди китоб дар оила, ташкилоту муассисаҳо, корхонаву идораҳои давлативу ҷамъиятӣ, ҷалби мутахассисони соҳаи китобдорӣ ба китобхонаҳо, тақвияти зеҳниву маъгавии сокинони пойтахт ва ҷалби онҳо ба озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” дар робита ба иҷрои вазифаҳое, ки дар паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2019 зикр гардидаанд, имрӯз дар ноҳияи Сино даври ноҳиявии озмунии шаҳрии “Китобхонаи беҳтарин” оғоз гардид.

Дар озмун ҳамаи навъи китобхонаҳое, ки дар ноҳия ҷойгиранд аз рӯи 4 бахш “Китобхонаи беҳтарини оммавӣ”, “Китобхонаи беҳтарини илмӣ-соҳавӣ”, “Китобхонаи беҳтарини идоравӣ” ва “Китобхонаи беҳтарини оилавӣ” ҷалб гардида, иштирок намуданд.

Даври ноҳиявии озмуни мазкур 14-15 декабри соли ҷорӣ гузаронида шуда, баъди баҳогузории комиссияи озмун ғолибон муайян ва бо диплому сипосномаҳо ва тӯҳфаҳои хотиравии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе қадрдонӣ карда мешаванд.