МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ СИНОИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

БАРГУЗОРИИ ДАВРИ ДУЮМИ (НОҲИЯВӢ) ОЛИМПИАДА ОИД БА “ШОҲМОТ”

Published by bro on

16.12.2023  шаҳри Душанбе
Бо мақсади иҷрои талаботи низомномаи Олимпиада оид ба  “Шоҳмот”, ки бо қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Чумҳурии Тоҷикистон аз 26 январи соли 2018 таҳти №02/03 тасдиқ гардидааст, бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ва Шуъбаи маорифи ноҳияи Сино аз ҷониби Муассисаи давлатии “Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои ноҳияи Сино” санаи 16 декабри соли 2023 даври дуюми (ноҳиявӣ) Олимпиада оид ба  “Шоҳмот” дар  Муссисаи давлатии таълимии “Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе” ташкил ва баргузор карда шуд.

Дар маросими ифтитоҳи Олимпиада муовини Раиси ноҳияи Сино Сафарализода Ситора Сафаралӣ, Мудири шуъбаи маориф ноҳияи Сино Амируллозода Беҳрӯз ва дигар намояндагон расмӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Ҳадаф аз баргузории Олимпиадаи мазкур ташвиқи бозии шоҳмот миёни хонандагон, дарёфти истеъдодҳо ва ташаккули тафаккури онҳо, ангезиш додани зеҳни хонандагон дар заминаи истифодаи бозии шоҳмот ҳамчун воситаи ташаккулдиҳандаи тафаккури мантиқии онҳо, инкишофи хотира, хусусияти ояндабинӣ, рушди қобилияти мушоҳида тавассути бозии шоҳмот, тарбияи таҳаммулпазирӣ ва ахлоқии хонандагон, муайян кардани дастаи беҳтарин ва шоҳмотбозҳои ҳирфавӣ, интихоб ва муайян намудани дастаҳои беҳтарин барои иштирок дар озмуну олимпиадаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ба ҳисоб меравад.

Дар натиҷа беҳтарин шоҳмотбозон – ғолибони даври дуюми (ноҳиявӣ) Олимпиада оид ба “Шоҳмот” муайян гардида  дар маросими ҷоизасупории ғолибони даври дуюми (ноҳиявӣ) Олимпиадаҳои фаннии хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе қадрдонӣ карда мешаванд.