МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ СИНОИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

ОҒОЗИ ЧОРАБИНИҲОИ ФАРҲАНГИИ СОЛИНАВӢ ДАР НОҲИЯИ СИНО

Published by bro on

Бо мақсади дар сатҳи баланди ташкиливу ғоявӣ таҷлил намудани Соли нави мелодии 2024 ва фароҳам овардани шароити мусоид барои фароғати сокинону меҳмонони пойтахт ҷиҳати татбиқи қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 12 декабри соли 2023, №682 “Дар бораи омодагӣ ва таҷлили Соли нави мелодии 2024 дар шаҳри Душанбе” ва нақшаи чорабиниҳои тасдиқгардидаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар майдончаи фарҳангию фароғатии хиёбони А.Сино бо ҷалби ҳунармандони Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А.Ҷӯраев барномаи фарҳангӣ ташкил ва баргузор карда шуд.

Боиси зикр аст, ки чорабиниҳои фарҳангии мазкур бахшида ба таҷлили Соли нави мелодии 2024 аз 20 то 31 декабри соли 2023, соати 17:00 бо ҷалби ҳунармандони муассисаҳои фарҳангии ҳудуди ноҳия гузаронида мешаванд.

Сокинон ва меҳмонони азизу гиромиқадр! Бо шукргузории Истиқлолияти давлатӣ барои болидагии Шумо ва рӯҳбаландии фарзандонамон ҳамаи Шумоёнро ба чорабинии фарҳангии ноҳияи Сино, ки дар майдончаи фарҳангию фароғатии хиёбони А.Сино баргузор мегардад, даъват менамоем.

Фарорасии соли нави мелодии 2024 муборак, ҳамватанони азиз!