МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ СИНОИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

ЧОРАБИНИИ СОЛИНАВИИ МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ СИНО БАХШИДА БА СОЛИ НАВИ МЕЛОДИИ 2024

Published by bro on

31.12.2023

Чорабинии солинавии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино бахшида ба Соли нави мелодии 2024

Бахшида ба Соли нави мелодии 2024 дар майчанчаи фарҳангию фароғатии хиёбони А.Сино аз тарафи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе чорабинии фарҳангӣ дар сатҳи баланди ташкилӣ ва бадеӣ ташкил карда шуд.

Дар оғози чорабинӣ табрикоти солинавии Раиси шаҳри Душанбе аз тарафи Раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Саидзода Т.Н. ба ҳозирину меҳмонон ва сокинони ноҳия ироа гардид. Қайд карда шуд, ки дар соли сипаришуда ноҳияи Сино нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 бо нишондаҳандаҳои мусбӣ арзёбӣ гардид. Боварӣ аст, ки чунин дастовврдҳо дар соли 2024 дар назар аст.

Бо ҳамин таманниёти нек бори дигар Раиси ноҳия сокинонро самимона бо Соли нав табрик намуда, ба ҳамагон ва аҳли пайвандонашон тансиҳатӣ, рӯзгори нек ва комёбиҳои беназирро орзу намуданд.

Баъдан баҳри болидагӣ ва руҳбаландии сокинону меҳмонон ҳунармандони шинохта бо барномаи консертии худ баромад намуданд.

Соли нави мелодии 2024 муборак!