МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ СИНОИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

“Саҳми ман дар шаҳри ман”

Published by bro on

06.01.2024

Бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар доираи дастуру супоришҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар кӯчаву хиёбонҳои асосӣ, дохили минтақаву маҳаллаҳои ноҳия шанбегии умуминоҳиявӣ таҳти унвони “Саҳми ман дар шаҳри ман” ташкил ва гузаронида шуд.

Дар шанбегии мазкур кормандони мақомот ва сохторҳои ноҳиявӣ, соҳаи маориф, тандурустӣ, инчунин кормандони Муассисаи давлатии истифодабарии роҳҳои ноҳия, ихтиёрдорон, сокинон ва фаъолони ноҳия фаъолона иштирок намуданд.

Дар ин раванд соҳили канал, ҷӯйборҳо, роҳравҳо ва гирду атрофи биноҳои истиқоматӣ тоза гардида, партовҳо ва хазонрезаҳо рубучин ва бароварда шуданд. Ҳамзамон шохаҳои дарахтон ва гулҳо ба тартиб дароварда шуда, қисмате аз ҷӯйборҳои бетонӣ таъмир карда шуданд.