МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ СИНОИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

ШАҲРВАНДОНИ АЗИЗ! БИЁЕД ДАР КОРҲОИ ОБОДОНИИ ПОЙТАХТИ АЗИЗАМОН ШАҲРИ ДУШАНБЕ САҲМИ ХУДРО ГУЗОРЕМ!

Published by bro on

13.01.2024

ШАҲРВАНДОНИ АЗИЗ! БИЁЕД ДАР КОРҲОИ ОБОДОНИИ ПОЙТАХТИ АЗИЗАМОН ШАҲРИ ДУШАНБЕ САҲМИ ХУДРО ГУЗОРЕМ!

Бо мақсади вусъат бахшидан ба корҳои ободонии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо иқдоми Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе имрӯз дар ҳудуди ноҳия шанбегии умуминоҳиявӣ ташкил ва баргузор карда шуд.

Субҳи ҳамин рӯз бо иштироки кормандони мақомот ва сохторҳои ноҳиявӣ, кормандони Муассисаи давлатии истифодабарии роҳҳо, маорифчиён, тандурустӣ, фаъолони ноҳия, инчунин фаъолзанон ва волонтёрони бахши кор бо ҷавонони ноҳия дар аксарияти кӯчаву хиёбонҳои асосӣ, роҳу пиёдагардҳо, роҳҳои дохилу шаҳракҳо, атрофи биноҳои истиқоматии баландошёнаҳо ва маҳаллаҳо дар минтақаҳои №№11, 14, 31, 53, 91, 92, 114, 116 ва ғайра, дохил ва назди муассисаҳои соҳаи маориф ва тандурустӣ аз хазонрезаҳо, партовҳои бесоҳиб ва аз алафҳои худрӯй тоза карда шуданд.

Бо истифода аз техникаҳои махсус, аз ҷумла эксковатор ва техникаи калони боркаш каналҳои мавҷуда аз ҳар гуна партовҳо тоза карда шуданд. Ҷӯйборҳои атрофи шаҳраку маҳаллаҳоро тоза гардида, девору биноҳои истиқоматӣ рангубор карда шуданд. Дар баъзе маҳалҳо корҳо тахтуҳамворкунӣ низ гузаронида шуданд.

Ҷиҳати сабзу хуррамгардонии ҳудуди ноҳия дар баъзе минтақаву маҳаллаҳо, инчунин теппачаи маҳаллаи Лучоб маъракаи ниҳолшинонӣ дар сатҳи баланд ташкил гардида, ниҳолҳои ҳамешасабз шинонида шуданд.

Боиси зикр аст, ки дар соли ҷорӣ дар кишвари азизамон Тоҷикистон таҷлили якчанд идҳои расмӣ ва миллӣ, аз ҷашни Иди Наврӯз оғоз гардида ва дигар идҳо дар назар аст. Бо мақсади дар сатҳи баланди ташкилӣ, бадеӣ ва тарғиботӣ таҷлили намудани Иди байналмилалии Наврӯз-2024 дар доираи дастуру супоришҳои Раиси шаҳр муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҳар ҳафта дар ноҳия, дар маҷмуъ дар шаҳри Душанбе ҳашарҳои дастаҷамъона гузаронида мешаванд ва ба ин васила муҳити экологӣ ҳифз карда мешавад.

Сокинони азиз! Таъмини шароити мусоиди экологӣ имкон медиҳад, ки ҳамагуна мавзеҳҳо зебову обод гашта, ба макони сайру гашти оммавӣ табдил ёбад. Ҳамаи ин созандагиҳо бевосита аз худамон вобастагӣ дорад. Пас, биёед, баҳри таъмини тозагӣ ва вусъат бахшидан ба корҳои ободонии ноҳия пайваста саҳми худро гузорем.