МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ СИНОИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

“Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон”

Published by bro on

16.01.2024

Имрӯз, дар доираи ҷадвали баргузории вохӯриҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе оид ба шарҳу тавзеҳи паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар толори муассисаи таълимии №56 аз ҷониби масъулини мақомот миёни сокинони минтақаҳои №№53, 54, маҳаллаҳои Борбад, Фурӯзон ва маҳаллаи Наврӯз мулоқот доир гардид.

Дар ибтидо қайд карда шуд, ки Роҳбари давлат чунин иброз намуданд, ки соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид.

Таъкид карда шуд, ки ҳамаи пешравиҳои зикршуда маҳз бо заҳмати содиқонаву софдилона ва азму талоши ватандӯстонаи мардуми шарифи кишвар ба даст омадаанд. Аз ин лиҳоз, ба мардуми соҳибмаърифату тамаддунсоз ва шарафманду сарбаланди мамлакат барои дастгирии сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумат ва заҳмати аҳлонаву ободгарона Пешвои миллат сипосу миннатдории самимии худро изҳор намуданд.

Дар фарҷоми мулоқот масъулини мақомот ҳозиринро барои иштирокашон миннатдории худро баён намуда, ба онҳо тансиҳативу хонаободӣ ва иқболи некро таманно намуданд.

Бояд қайд кард, ки чунин вохӯрӣ 12 январи соли ҷорӣ дар толори муассисаи таълимии №95 миёни сокинони минтақаи №116, маҳаллаҳои Испечак-1, Испечак-2 ва маҳаллаи Зафар гузаронида шуд.