МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ СИНОИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Ҳисобот оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар моҳҳои январ – декабри соли 2023

Published by bro on

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе фаъолияти худро дар моҳҳои январ – декабри соли ҷорӣ тибқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарору дастурҳои Раиси шаҳр ва Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ба роҳ монда, баҳри таъмини рушди иқтисодию иҷтимоӣ, дастгирии соҳибкории хурду миёна ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ як қатор чораҳои мушаххасро ба роҳ монд.

Дар давраи ҳисоботӣ нақшаи қисми даромади буҷети ноҳия аз рӯи контингенти умумӣ ба маблағи 1 милиарду 56,4 миллион сомонӣ муқаррар шуда, дар асл ба буҷет ба маблағи 1 милларду 142,7 миллион сомонӣ ворид гардид, ки 108,2 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.

Нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллии ноҳия дар моҳҳои январ – декабри соли 2023 ба маблағи 435,2 миллион сомонӣ муқаррар шуда, дар асл ба буҷети маҳаллӣ 452,1 миллион сомонӣ ворид гардид, ки иҷроиши он 103,9 фоизро ташкил медиҳад.

Ба буҷети маҳаллӣ аз ҳисоби андози даромад аз шахсони воқеӣ 85,3 миллион  сомонӣ,  андоз аз фоида 135,5 миллион сомонӣ, андози аксиз 26,9 миллион сомонӣ, андоз барои  захираҳои таббиӣ 1,6 миллион сомонӣ, андоз аз нақлиёт            25,6 милли­он сомонӣ, низоми махсуси андозбандӣ 73,4 миллион сомонӣ, боҷи давлатӣ 23,5 миллион сомонӣ, дигар даромадҳои ғайриандозӣ 2,6 миллион сомонӣ ва андозҳо аз молу мулкӣ ғайриманқул 77,3 миллион сомонӣ ворид гардидааст.

Қисми хароҷоти буҷети маҳаллӣ дар ин давра мувофиқи нақшаи аниқшуда ба маблағи 438,7 миллион сомонӣ муқаррар шуда, ба маблағи 436,2 миллион сомонӣ иҷро шуд, ки              99,4 фоизи нақшаро ташкил медиҳад. Ин нишондод барои сари вақт маблағгузории муассисаҳои буҷетӣ, чорабиниҳои ҳаётан муҳими ноҳиявӣ, пардохти маблағи ҳисоббаробаркуниҳо ва Фонди стабилизатсионӣ оид ба рушди иқтисодиёт равона карда шудаанд.

Таҳлили иҷроиши нақшаи қисми хароҷоти буҷети маҳаллӣ нишон медиҳад, ки ҳаҷми маблағгузорӣ дар ин давра 0,7 фоиз ба сектори ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, 48,0 фоиз ба соҳаи маориф, 20,5 фоиз ба соҳаи тандурустӣ, 29,2 фоиз ба соҳаи хоҷагии манзилию коммуналӣ, 0,8 фоиз ба ҳифзи иҷтимоӣ ва     0,5 фоиз ба дигар чорабиниҳо равона гардидааст.

Боиси қайд аст, ки буҷети маҳаллии ноҳия аз рӯи пардохти маоши кормандони муассисаҳои буҷетӣ, пардохти кӯмакпулӣ ба хонандагон аз оила­ҳои ниёзманд, пардохти кӯмакпулӣ ба собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ, хӯрокворӣ, доруворӣ, пардохтҳои ҷории суғуртаи иҷтимоӣ ва пардохти хизмат­расонии коммуналии муассисаҳои буҷетӣ қарздор намебошад.

Дар ҳудуди ноҳия 311 адад коргоҳу корхонаҳои саноатӣ фаъолият доранд, ки дар онҳо истеҳсоли 78 намуди маҳсулот ба роҳ монда шудааст. Дар моҳҳои январ – декабри соли 2023 аз ҷониби корхонаҳои саноатии ноҳия дар маҷмӯъ ба маблағи           1 милиарду 744,9 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол гардид, ки  нисбат ба соли 2022 ба маблағи 345,3 миллион сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиши он 124,8 фоизро ташкил медиҳад.

Саноат   яке  аз соҳаҳои  асосии  истеҳсолот буда  ба  тарқиёти  устувори  иқтисодиёти  мамлакатамон  таъсири  беназир  мерасонад   ва  барои  ноил шудан  ба ҳадафи  чоруми  стратегии   кишвар,  яъне  саноатикунонии  босуръати   ҷумҳурӣ  нақши  муҳимро  мебозад. Саноатикунонии  босуръати  иқтисодиёти  миллӣ  тақозо  менамояд,  ки дар истеҳсолот  дастовардҳои  илму  техникаи  муосири  рақобатпазир  ҳар чи  бештар  татбиқ  карда  шаванд.

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон   ба  Маҷлиси  Олӣ 21 декабри соли 2021 бинобар  аҳамияти бузурги соҳаи саноат дар рушди минбаъдаи мамлакат, ҳалли масъалаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва таъмин намудани ҳадафҳои стратегии миллӣ, аз ҷумла раванди саноатикунонии босуръати кишвар солҳои          2022 – 2026, «Солҳои рушди саноат» эълон намуданд. Мақсади асосии  ин ҳадаф  муҳайё намудани шароит барои корхонаҳои истеҳсолии ҷумҳурӣ, баланд бардоштани  рақобатнокии маҳсулоти ватанӣ дар бозорҳои дохилӣ ва минтақа, ҳар чи бештар бунёд намудани корхонаҳои нави саноатӣ, афзун намудани иқтидори содиротии маҳсулоти саноатӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ мебошад.

Бо мақсади амали намудани ин ҳадаф Қарори Раиси ноҳия “Дар бораи Нақшаи чорабиниҳои  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе оид ба эълон намудани солҳои 2022-2026 «Солҳои рушди саноат»” таҳти №123 аз 10 июни соли 2022 ба тавсиб расид, ки  тибқи он  тули солҳои 2022-2026 дар ҳудуди ноҳия  24 адад корхонаҳои  саноатӣ бо таъсиси 1299  ҷойҳои нави корӣ   сохта  ба истифода  дода мешаванд.    

Дар ин раванд  мувофиқи  нақшаи  тасдиқнамудаи мақомот  соли 2022  бунёди 5 адад коргоҳу  корхонаҳои саноати бо таъсиси (155 ҷои корӣ) ва соли 2023 низ  бунёди 5 корхонаи саноати ботаъсиси 324 ҷои корӣ, дар маҷмуъ  таи ду сол  сохтмони 10 адад корхонаҳои саноатӣ  бо таъсиси 479 ҷои корӣ ба нақша гирифта шуда дар натиҷаи бурдани корҳои таблиғотию ташвиғоти ва ҳамкории   мақомот  бо  соҳибкорон дар асл 14  адад  корхона бо таъсиси 606  ҷои  нави корӣ  сохта ба истифода дода  шуданд.

Ҳиссаи  истеҳсоли маҳсулоти саноатии  ноҳия дар  маҷмуи истеҳсоли маҳсулоти саноатии  шаҳри  Душанбе 42,0 фоизро ташкил медиҳад, ки ин нишондод  соли 2021-ум 34,4 %, соли    2022-ум 40,3  фоизро ташкил медод (ҳамасола  ба андозаи 5,9  ва  1,7 банди фоизи  афзоиш ёфта истодааст.

Бо дар назардошти маълумотҳои  боло зикр  ва таҳлилҳо аз он шаҳодат медиҳад,  ки саноати  ноҳия тамоюли рушди мунтазамро нигоҳ дошта истода, дар солҳои охир суръати хуби рушдро касб намудааст ва дар самти саноатикунонии  босуръати  мамлакат солҳои рушди саноат  саҳми  калон  мегузорад.

Тибқи маълумотҳои фаврӣ ба ҳолати 1 январи соли           2024 таъсиси ҷойҳои кории нав, иловагӣ ва барқароршуда дар маҷмӯъ 14035 ададро ташкил медиҳад, ки нисбат ба соли гузашта 200 ҷой зиёд мебошад. Аз он ҷумла дар  корхонаю ташкилотҳо 11838 ҷой ва аз тарафи шахсони воқеӣ 2198 ҷойи корӣ ташкил гардидааст.

Мувофиқи маълумоти мақомоти Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳия дар  моҳҳои январ – декабри соли ҷорӣ           2877 нафар сокинон бо ҷойи кор таъмин гардидаанд, ки аз ин теъдод тавассути ярмаркаҳо 202 нафарро ташкил медиҳад.

Соҳаи савдо ва хизмати маишӣ дар пешрафти иқтисодиёти ноҳия ва таъ­мини аҳолӣ бо молҳои ниёзи мардум нақши муҳим дорад. Тибқи маълумотҳои пешакӣ гардиши мол дар тамоми воситаҳои амаликунонӣ ба 3 милларду 615,5 миллион сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 ба            105,1 фоиз баробар мебошад.

Дар давраи ҳисоботӣ мувофиқи маълумотҳои оморӣ ҳаҷми хизматрасонии маишӣ ноҳия 189,8 миллион сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 ба 109,8 фоиз расонида шуд.

Хизматрасонии пулакӣ  ба аҳолӣ дар ин давра 3 миллиарду 84,3 миллион сомониро ташкил дод, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта бо дарназардошти индекси нарх                    2 маротиба зиёд гардидааст.

Тибқи маълумотҳои оморӣ аз ҷониби корхонаҳои соҳаи нақлиёт 10,1 миллион тонна бор кашонида шуда, нисбат ба ҳамин давраи соли 2022  ба 108,4  фоиз баробар гардид.

Гардиши бор 413,4 миллион тонн\км-ро ташкил дод. Тавассути ҳамаи намуди нақлиёти мусофиркашонӣ                273,8 миллион нафар мусофир кашон­ида шудааст.

Воридоти маҳсулот дар моҳҳои январ – декабри соли 2023 ба маблағи 375,8 миллион доллари амрикоӣ баробар гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 ба андозаи 1,9 баробар                            ё  (178,1 миллион доллари амрикоӣ) зиёд гардидааст.

Содироти моли ватанӣ бошад 8,0 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад, ки нисбат ба соли гузашта 6,4 маротиба ё (6,8 миллион доллари амрикоӣ) афузудааст.

Таҳлили соҳаи сохтмон нишон медиҳад, ки ташкилотҳои ин соҳа аз ҳисоби маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ ба маблағи         1,2 миллард сомонӣ корҳои сохтмониро ба анҷом расонидаанд.           

Бо мақсади сазовор ҷашн гирифтани 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии  Тоҷикистон аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе нақша чорабиниҳо оиди  корҳои  ободонию бунёдкорӣ  таҳия  ва тасдиқ гардидааст, ки аз 151 банд ва 1217 адад чорабинӣ иборат буда, тибқи нақша дар соли 2023 дар ҳудуди ноҳия 253 адад чорабинӣ ба нақша гирифта шуда, буд, ки иҷроиши он аз ҷониби масъулин пурра таъмин гардида, 100 % – и нақшаи солонаро ташкил медиҳад.

 Мавриди ба зикр аст, ки тибқи нақша-чорабиниҳои                         35 солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2023 дар ҳудуди ноҳия аз шумораи 253 адад чорабинӣ 2 адад бунёди муассисаҳои мактабӣ, 2 адад бунёди муассисаҳои томактабӣ, 1 адад бунёди муассисаҳои тандурустӣ, 5 адад бунёди коргоҳу корхонаҳои саноатӣ бо 324 ҷойи корӣ, 41,9 км сохтмон ва азнавсозии роҳҳо, 1 адад бунёди меҳмонхона, 1 адад сардхона ва гармхона,  2  адад  сохтмони бинои  баландошёна,  1 адад  бунёди иншооти варзишӣ, 123 адад рангубори бинову иншоотҳо ва 29 адад сохтмон ва азнавсозии партовгоҳ ба ҳисоб мераванд. Аз ҷумла иншоотҳои зерин бунёд гардидаанд:

         – Гимназияи хусусӣ барои 400 ҷой дар як баст, дар шаҳраки 33 кӯчаи Н. Ганҷавӣ-5 аз тарафи шаҳрванд Маҳмадалиев А. У

         – Таъмири ҷории муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ  9 адад, 100%.

         – Таъмири ҷории биноҳои муассисаҳои томактабӣ 10 адад   (10 адад аз иҷроиши барзиёди нақшаи соли 2022)

         – Рангубори бинову иншоотҳо тибқи нақша 96 адад, иҷроиш 123  адад 128 % – и нақшаи солонаро дар бар мегирад

         – Азнавсозии нуқтаҳои партовпартоӣ тибқи нақша 29 адад, иҷроиш 29 адад 100%-и нақшаи солона.

         Тибқи нақшаи 5 сола бошад аз 1217 адад чорабинӣ 478 адади он иҷро гардидааст, ки 39 % нақшаи 5 соларо дарбар мегирад.

         – Рангубори бинову иншоотҳо тибқи нақша 375 адад, иҷроиш 136 адад 36,2% – и нақшаи 5 сола.

         – Азнавсозии нуқтаҳои партовпартоӣ тибқи нақша 145 адад, иҷроиш 58 адад, 40%-и нақшаи 5 сола.

   Зикр кардан ба марид аст, ки бинои нозироти андози Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Сино бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат соли 2023 пеш аз муҳлат ифтитоҳ гардид, ки  ба истифода додани он тибқи нақша соли 2025 дарназар дошта шуда буд.

            Дар доираи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти   давлатии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  бо иштироки Сарвари давлат санаи 31 октябри соли 2023 ифтитоҳи 3 (се) корхонаи истеҳсолӣ, аз ҷумла “Корхонаи истеҳсоли равғани рафинад ва ширинкунию борҷомакунӣ дар зарфҳо”, ки аз ҷониби ҶДММ “Файзи Сомон” дар кӯчаи Ҷ.Расулов, сохтмони корхонаи истеҳсоли таҷҳизотҳои барқӣ дар маҳаллаи Арбобхотун ва сохтмони корхонаи истеҳсоли маҳсулоти хуроквории навъи гуногуни макарон, воқеъ дар кӯчаи Ф.Муҳаммадиев, ки аз ҷониби ҶДММ “Шаҳри зебои мо” бунёд гардидаанд, мавриди истифода қарор дода шуданд.

            Ҳамзамон санаи 13 декабри соли 2023 бо иштироки роҳбарияти олии кишвар бинои иловагии Прокуратураи генералӣ ва санаи 22 декабр бинои хизматрасонии “Маҷмааи Ош” дар кӯчаи Раҳимӣ мавриди исттифода қарор дода шуданд.

   Бояд қайд намуд, ки бо ҷалби соҳибкорон ва дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино давоми соли 2023 дар ҳудуди ноҳия дар қисмати даромадгоҳи ғарбии пойтахт дар буриши хиёбони Н. Махсум бо кӯчаи А. Навоӣ сохтмони 1 адад майдончаи кушоди варзишӣ, 1- адад гулгашт бо насби суратлавҳаи муосирӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар буриши хиёбони Н. Махсум бо кӯчаи Маяковский назди сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон гулгашти замонавӣ бунёд ва ба истифода дода шуданд.

Инчунин саҳми соҳибкорону шахсони саховатпешаро дар таъмиру азнавсозии роҳу кӯчаю маҳаллаҳои ҳудуди ноҳия, ки 4,2 км-ро ташкил менамояд қайд намудан зарур аст.

Дар ин давраи ҳисоботӣ аз ҷониби кишоварзони ноҳия дар  майдони 567,5 га кишти зироатҳо гузаронида шуд. Аз он ҷумла: 270,3 зироатҳои ғаладонагӣ (якчоя бо ҷиворимака), аз ин гандум 173,8 га ҷав 2,7 га, ҷуворимакка барои дон 42,2 га, шолӣ 0,7 га, лубиёгиҳо 3,0 га ва дигар зироатҳои ғаладонагӣ 47,9 га, зироатҳои техники 7,2 га аз он ҷумла пахта 3,8 га, дони офтобпараст  0,2 га, дигар зироатҳои техники 3,2 га, картошка 42,5 га сабзавот 28,7 га ва зироатҳои хуроки чорво 218,8 гаро ташкил дод.

Дар ин давра ҷамъовари маҳсулотҳои ғаладонагӣ ба                1105,5 тонна расонида шуд, ки аз он гандум 692,0 тонна, ҷав             67,5 тонна, лубиёгиҳо 135,0 тонна, ҷуворимака барои дон            211,0 тоннаро дар бар гирифт.

Истеҳсоли картошка 119,0 тонна, сабзавот 143,5 тонна ва зироатҳои хуроки чорво ба 597,6 тонна расонида шуд. Ҳамзамон дар ин давра истеҳсоли мева ба 221,2  тонна расонида шуд.

Дар ҳудуди ноҳияи 2 адад гармхонаи доимамалкунанда дар майдони 0,67 га фаъолит менамояд.

Ҳамзамон бояд қайд намуд, ки аз ҷониби хоҷагиҳои деҳқонӣ кишти такрориро дар майдони 233 га ба нақша гирифта шуда, то инҷониб ба 238 га расонида шуд,  ки аз ин 106 га ғаладонагиҳо, аз ҷумла 103 га ҷуворимакка, 2 га мош, 1,0 га лубиё.  Сабзавотҳо 19,0 га; аз ҷумла 15,0 га карам, 1 га помидор, 1 га бодиринг ва 2 га кабути. Зироати техники бошад 12 га ва зироати хӯроки чорво 101 га-ро ташкил медиҳад.

Бо мақсади татбиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2023, №125, Қарори Раиси шаҳри Душанбе аз  6 майи соли 2023, №246 “Дар бораи саривақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти шаҳри Душанбе барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солхои 2023-2024” Қарори Раиси нохия аз 01 июни соли 2023, №65  ба тасвиб расонида шуд, ки аз 64 банд иборат мебошад.

Дар ноҳияи Сино 1379 адад иншоотҳои таъминоташон гуногун барои кабули неруи гармӣ аз ҷумла, 1211 адад биноҳои истиқоматӣ, 85 адад муассисаҳои сохаи маориф, 17 адад муассисахон тандурустӣ, 66 адад идораву ташкилотҳо ба нақша гирифта шудаанд.

Инчунин  17 адад мактаб ва 2 адад боғча тариқи системаи бойлери бо гармӣ таъмин карда шудаанд.          

Мувофиқи маълумотҳои маркази гармидиҳии шаҳри Душанбе дар соли ҷорӣ иловатан барои қабули гармӣ 55 адад биною иншоотҳо ба системаи гармидиҳии мутамарказ пайваст карда шудаанд. Айни замон дар маҷмуъ 1434 биною иншоотҳо ба гарми таъмин мебошанд.

Тайёрӣ ва омодагиҳо ба мавсими тирамоху замистони солхои 2023-2024 дар Муассисаи давлатии истифодабарии роҳҳои ноҳия бо таври зарурӣ ба роҳ монда шуда, то инҷониб захираи равғанҳои молиданӣ, равғани дизелӣ, веретёнка, маводи техпластӣ, сузишворӣ (бензин ва дизелӣ) ва маводи зидди сармо – 100%, инчунин таъмири ҳуҷраҳои истирохатӣ, таъмин намудани коргарон бо либоси корӣ ва пойафзол (мардона ва занона)  100%, намаки техникӣ 100%, омодагии мошину механизмҳо 100% ва захира намудани автошинаҳои ҳархела 100%  иҷро гардида, дар ин самт корҳо идома доранд.

Дар Корхонаи воҳиди давлатии нақлиёти махсуси партовҳои сахти маишии ноҳия ва “Зарафшонкоммунал 116” маводҳо барои зимистонгузаронӣ аз қабили ҳезум ангиштсанг, равганҳои молиданӣ, равғани дизелӣ, веретёнка, маводи техпластӣ, сузишворӣ (бензин ва дизелӣ) тибқи нақша захира гардида, ҷиҳати таъмин намудани коргарон бо либоси корӣ ва пойафзол (мардона ва занона) ҷораҳои зарурӣ андешида шуда истодаанд.

Ҳамзамон ҷиҳати пешгири намудани талафоти гармӣ ва пешгирии садамаҳои хатҳои интиқоли оби нушокӣ дар фасли зимистон аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатии “Обу корези Душанбе” дар ноҳияи Сино қубурҳои обҳои нушокӣ ва қубурҳои оби гарм, ки тавассути ҳавои кушод мегузаранд, бо қабати махсуси ҳимоявӣ оиқабанти (изалятсия) карда шудаанд.

Қобили қайд мебошад, ки дар иншоотҳои соҳаи маориф вобаста ба зимистонгузаронӣ тадбирҳои зарурӣ андешида шуда, таъмири бомҳо, шишабандӣ, таъмири дару тирезаҳо, таъмири қубурҳои оби гарм, таъмири қубурҳои оби нӯшокӣ, захираи ҳезум ва захираи ангишт 100% иҷро гардиданд.

Дар муассисаҳои таълимӣ ба микдори 1458 адад гармкунакҳои барқии равғанӣ ва 51 адад генераторҳои тавоноияшон аз 5 кВт то 100 кВт мавҷуд буда, инчунин 260 адад печкаҳои ангиштӣ барои гармидиҳии алтернативӣ мавҷуд мебошанд, ки дар ҳолатҳои зарурӣ истифода бурда мешаванд.

Аз ҷониби Шабакаҳои барқии ноҳияи Сино низ корҳои амалӣ роҳандозӣ гардида, таъминот бо равғани трансформаторӣ, иваз намудани пояҳои чубини фарсудашуда, иваз намудани трансформаторҳои куҳна ва иваз намудани ноқилҳои фарсудашудаи алюминий 100%, барқарор намудани ростпайвандҳо дар таҷхизотҳои барқи 04-6-10 кВт ва ивази дастгоҳҳои коммуникатсионӣ 100% иҷро гардиданд.

Ҳамзамон тибқи нақшаи билинги 113820 иҷроиши он ба 121265 расонида шуд, ки ба 106,5 фоизи нақша баробар мебошад.

Аз ҷониби Муассисаи давлатии “Идоракунӣ ва хизматрасонии фонди манзил”-и ноҳия зимистонгузарони тибқи нақша ба роҳ монда шуда,  таъмири бомҳо 1211 адад  100%, шишабандии тирезаҳои даромадгоҳҳо 4569,3 метри мураббаъ 100%, таъмир ва гузоштани дарҳои даромадгоҳҳо 479 адад 100%, захираи ҳезум 9500 метри мураббаъ 100%, захираи ангишт 15600 тонна 100% ва таъмири қубурҳои оби гарм 100% иҷро гардиданд.

Масъалаи таъмини аҳоли бо сузишворӣ, назорати фаъолияти бозорҳои хусусӣ ҷиҳати таъмини маводҳои кишоварзӣ ва маҳсулоти аввалияи ниёзи мардум дар маркази диққати роҳбарият  қарор дошта, то имруз захираи маводҳои сузишворӣ, гази моеъ, захираи ангишт ва ҳезум 100% таъмин гардидааст.

         Захираи маводҳои зарурии озуқа аз кабили картошка, пиёз, орд, шакар, равған ва биринҷ аз ҷониби бозорҳои ноҳия  таъмин карда шудааст.

Мақомот вобаста ба таҷлили ҷашну санаҳои таърихӣ, чорабиниҳои фарҳангӣ ва дар ин замина баланд бардоштани сатҳи маънавии ҷомеа, ташаккули шуур­но­кии сиёсию фарҳангӣ ва ватандӯстии шаҳрвандон корҳои муайянеро ба сомон расонид. Аз ҷумла чорабиниҳо бахшида ба таҷлили ҷашнҳои рӯзи Артиши миллӣ, рӯзи Модар, Наврӯзи байналмиллалӣ, рӯзи Пойтахт, рӯзи байналмиллалии “Оила”, рӯзи Ҷавонони Тоҷикистон, рӯзи байналмиллалии ҳифзи кӯдакон, рӯзи Ваҳдати миллӣ, 32-умин солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, рӯзи Конститутсия, рӯзи Президент, иди Парчам ва Соли нави мелоди 2024 доир гардиданд.

Вобаста ба иҷрои қарори Раиси шаҳри Душанбе аз                 23 феврали соли 2023, №70 «Дар бораи таҷлил намудани Иди байналмилалии Наврӯз-2023 дар шаҳри Душанбе» ҷиҳати омодагӣ ва таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз-2023», рӯзи        21 марти соли ҷорӣ дар боғи фарҳангию фароғатии “Умари Хайём”, маҳаллаи Буниҳисорак чорабинии “Наврӯзӣ” бо намоишҳои этнографии шаҳраку маҳаллаҳо бо иштироки муассисаҳои соҳаи маориф, тандурустӣ, корхонаҳои соҳаи саноат, савдо ва намоиши ҳунарҳои мардумӣ бо шукӯҳу шаҳомати хоса дар сатҳи баланд баргузор карда шуд.

Ҳамзамон фестивали гулҳо таҳти унвони “Сайри гули лола” ва фестивали ҷумҳурявии “Сад ранги чакан” бо иштироки кӯдакону ҷавондухтарон ва фаъолзанони ноҳия гузаронида шуд.

Боиси қайд аст, ки санаи 18 августи соли 2023 дар боғи фарҳангию фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ даври ниҳоии Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ “Андалеб-2023” баргузор гардид, ки дар натиҷа ноҳияи Синои шаҳри Душанбе миёни иштирокчиён холҳои баландро сазовор гардида, дар сатҳи ҷумҳур ҷойи якумро ишғол намуд.

Ҳамзамон, санаи 13 августи соли 2023 дар тарабхонаи “Яккасарой” даври ҷумҳуриявии озмуни “Дастархонороӣ” баргузор гардид, ки дар натиҷа ноҳияи Синои шаҳри Душанбе аз тарафи ҳайати ҳакамон баҳои баланд гирифта, дар даври ҷумҳуриявӣ сазовори ҷойи якум гардид.

Бо мақсади дар сатҳи баланди ташкилӣ ва фарҳангию адабӣ ҷашн гирифтани 32-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар боғи фарҳанги-фароғатии Умари Хайём чорабинии фарҳангӣ бо намоиши театркунонидашуда таҳти унвонии “Тараннуми Истиқлол” ташкил ва баргузор карда шуд.

Аз санаи 9-ум то 15-уми сентябри соли ҷорӣ бошад, дар боғи фарҳангӣ-фароғатии “Кули ҷавонон намоиш фурӯши маҳсулотҳои кишоварзӣ, саноатӣ, таомҳои миллӣ ва намоиши ҳунарҳои мардумӣ” бахшида ба истиқболи 32-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор карда шуд.

Бо мақсади иҷрои амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моҳҳои май-сентябри соли 2023 озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм-фурӯғи маърифат», «Тоҷикон – оинаи таърихи миллат» ва «Маснавихонӣ» миёни қишрҳои гуногуни аҳолӣ корҳои амалӣ роҳандозӣ карда шуданд.

Аз ҷумла, дар даври дуюми озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» 115 нафар довталаб иштирок намуданд, ки дар натиҷа 71 нафар ғолиб, дар озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» 1860 нафар, аз ин 117 нафар ғолиб, дар озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» 1936 нафар, аз ин 128 нафар ғолиб, дар озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикон – оинаи таърихи миллат» 279 нафар  довталаб, аз ин 24 нафар ғолиб ва озмуни ҷумҳуриявии «Маснавихонӣ» 87 нафар, аз ин 9 нафар ғолибон муайян гардиданд. Ҳамаи ғолибони озмун ва омӯзгороне, ки шогирдонашон ғолиби озмун гардиданд, бо диплом ва маблағҳо қадрдонӣ карда шуданд.

Ҳамзамон дар даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» 10 нафар, озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» 13 нафар, озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» 25 нафар, озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикон – оинаи таърихи миллат» 1 нафар ва дар озмуни ҷумҳуриявии «Маснавихонӣ» 2 нафар довталабон аз ноҳияи Сино ғолиби озмун гардида, бо диплом ва маблағпулӣ аз номи Пешвои миллат қадрдонӣ карда шуданд.

Масъулини мақомоти иҷроияи ноҳия дар якҷоягӣ бо шуъбаи маорифи ноҳия, роҳбарони муассисаҳои таълимӣ ва коллективҳои омӯзгорон ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия ва маърифати хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия чораҳои амалӣ андешида истодаанд.

Боиси ифтихор аст, ки хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Сино дар даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннӣ барои хонандагони синфи 11 аз фанни табиӣ-риёзӣ ва ҷамъиятӣ-гуманитарӣ дар соли 2023 иштирок намуда, сазовори ҷойҳои намоён гардиданд.

Натиҷаи ҷамъбасти озмун маълум намуд, ки хонандагони ноҳияи Сино бо гирифтани 31 ҷойи ифтихорӣ (5 медали тилло,          25 медали нуқра ва 104 медали биринҷӣ) дар миёни ҷумҳурӣ сазовори ҷойи якум гардиданд.  

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи маорифро муҳимтарин масъалаи рӯзгор номида, ғамхорӣ ба соҳаи маорифро ғамхорӣ ба ояндаи миллат ва давлат маънидод менамояд ва онро дар маркази сиёсати давлат қарор додаанд. Воқеан маориф омили муҳимтарини наҷоти миллат ва таҳкими давлат буда, инкишофи соҳаи маориф ҳадафи стратегии сиёсати давлатии Тоҷикистон мебошад.

Маориф дар ҷаҳони имрӯза ба захираи муҳимтарини рушди иқтисодию иҷтимоии кишварҳо, баланд бардоштани некуаҳволӣ ва рушду такомули инфиродии шаҳрвандон мубаддал мегардад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди соҳаи маориф ва татбиқи барномаҳои ислоҳоти соҳаи маориф таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, қайд намудаанд, ки дар ҷаҳони муосир кишваре ба дастовардҳои бузург ноил мегардад, ки ба баланд шудани сатҳи маърифат дар ҷомеа таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, техникаву технологияи навро ба таври васеъ дар амал ҷорӣ менамояд.

Дар соҳаи маорифи ноҳия пайваста барои беҳтар намудани шароити таълиму тарбияи мактаббачагон чораҳои зарурӣ андешида мешавад.

Масъалаи таъминоти муассисаҳои таҳсилоти умумӣ бо кадрҳои баландихтисос, ҷалби бештари хонандагон ба озмунҳо, корҳои эҷодӣ, дарсҳои иловагӣ ва корҳои тарбиявӣ, ҳамкории мактаб бо ҷомеа, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва завқи бадеиву зебоишиносии хонандагон, ҳамкорӣ бо ташкилотҳои ҷамъиятиву байналмилалӣ аз ҷумлаи чорабиниҳое буданд, ки дар сатҳи зарурӣ баргузор гардиданд.

Бояд қайд намуд, ки дар ҳудуди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе 80 муассисаи таҳсилоти умумӣ аз ҷумла 52 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии давлатӣ ва 28 адад муассисаҳои давлати ва хусусӣ бо фарогирии умумии 109551 хонанда, аз ҷума 51904 духтар фаъолият менамоянд. Аз инҳо, дар муассисаҳои таҳсилоти умумии буҷетӣ 92564 нафар хонанда, аз ҷумла 45627 духтар ба таълими инфиродӣ 54 нафар ва таълимӣ инклюзивӣ 27 нафар хонанда дар муассисаҳои № 25, 33, 54, 66, 86, 91 ва 92 ба таълим фаро гирифта шудаанд. Ба таълиму тарбияи хонандагон 4820 нафар омӯзгор, аз ҷумла 3854 нафар зан машғул буда, аз ин шумора 4165 нафар бо таҳсилоти олии касбӣ, 422 нафар бо таҳсилоти олии нопурра ва 233 нафар бо маълумоти миёнаи педагогӣ машғул мебошанд.

Дар соли ҷори тибқи нақша 719 нафар омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Сино аз курсҳои такмили ихтисос гузаштанд.

Дар соли таҳсили 2023-2024 дар муассисаҳои таълимии ноҳия 476 нафар омӯзгорони фанни математика ва геометрия, 150 нафар омӯзгорони фанни физика, 138 нафар омӯзгорони фанни химия, 192 нафар омӯзгорони фанни биология, 117 нафар омӯзгорони фанни география, 100 нафар омӯзгорони фанни технологияи иттилоотӣ, ҷамъ 1173 нафар омӯзгорони фанҳои дақиқ ва табиатшиносӣ фаъолият доранд.

Дар муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ ва таҳсилоти умумии ноҳия махфилҳои фанҳои табиатшиноси, дақиқ ва риёзи аз қабили “Математикони ҷавон”, “Химикони ҷавон”, “Физикони ҷавон”, “Техникони ҷавон”, “Барномасозони ҷавон”, “Биологони ҷавон” ва ғайраҳо фаъолият менамоянд.

Бояд тазаккур дод, ки дар муассисаҳои таълимии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бо мақсади таъмин намудани заминаҳои модди-техникии муассисаҳои таълими иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз   3 апрели соли 2021, №114 «Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таълими бо кабинетҳои фанни ва озмоишгоҳҳои муваққати таълими барои солҳои 2021-2025»  зери назорати қатъи қарор дорад.

Боиси тазаккур аст, ки аз ҷониби муассисаҳои таълимии ноҳия 317 адад кабинетҳои физика, химия, математика, география, биология, технологияи иттилоотӣ ва ғайра харидорӣ карда шудааст. Аз он ҷумла кабинети физика  41 адад, химия       38 адад, биология 37 адад, математика 36 адад, география 27 адад, технологияи иттилоотӣ 138 адад харидорӣ ва муҷаҳҳаз гардонида шудааст.

Бо дастгири мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  шаҳри Душанбе ва шахсони соҳибкор муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия бо 165 адад озмоишгоҳҳои таълимии муҷаҳаз гардонидашудаи фанҳои табиатшиносию риёзи таъмин мебошанд, ки аз онҳо озмоишгоҳи фанҳои физика 60 адад, химия 60 адад ва биология 45 ададро ташкил медиҳанд.

Дар соли 2023 53 адад кабинетҳои фаннӣ харидорӣ карда шудааст.

Ҳамзамон дар озмунҳои шаҳрӣ муассисаҳои соҳаи маориф фаъолона иштирок намуда, дар натиҷа “Беҳтарин муассиса дар самти корҳои ободонӣ” муассисаи таҳсилоти томактабии             №112 ғолиби ҷойи якум ва муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №56 сазовори ҷойи дуюм гардиданд.

Дар ноҳия Сино 64 адад муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ аз ҷумла 41 адад муассисаи таҳсилоти томактабии давлатӣ, 1 адад муассисаи тобеи назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, 4 адад соҳавӣ ва идоравӣ бо ҷалби соҳибкорони ватанӣ 18 адад муассисаҳои таҳсилоти томактабии хусусӣ бо фарогирии  14406 нафар тарбиятгирандагон фаъолият доранд, ки дар онҳо 873 нафар кормандони педагоги ба таълиму тарбияи кӯдакон машғул мебошанд.

Ҳамзамон бояд тазаккур дод, ки тибқи Нақшаи чорабиниҳои амали намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ бахшида ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026 дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе 105 адад муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии барои бунёд, азнавсозӣ ва таъмири ҷорӣ ба нақша гирифта шудааст, ки аз ин шумора 11 ададашро бунёди биноҳои нави муассисаҳои таълимии хусусӣ ташкил медиҳад.

Қайд кардан  ба  маврид  аст, ки дар 52 муассисаи таълимии буҷавии ноҳия шумораи компютерҳо 5574 адад, принтерҳо 556 адад, тахтаи электронӣ 656 адад, проектор 705 адад, синфхонаҳои компютерӣ 136 адад, ва ноутбук 61 ададро ташкил медиҳанд.

Аз шумораи муассисаҳои таълимии буҷавӣ 38 адади он ба шабакаи интернетӣ пайваст буда, ба хонандагони синфҳои            5 – 11 дарс меомӯзонанд.

Омӯзгорони фанни технологияи информатсионӣ 100 нафар буда, ба 7 нафар хонанда 1 адад компютер рост меояд.  

Дар ин давра аз буҷети маҳаллӣ маблағгузории сарикасӣ ба соҳаи маориф, аз ҷумла барои нигоҳдошти 41 муассисаҳои то мактабӣ ва ба 53 муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва дигар муассисаҳои зертобеи шуъбаи маорифи ноҳия ба маблағи               209,8 миллион сомони хароҷот карда шуд.

Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ яке аз самтҳои муҳими фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия маҳсуб меёбад.

Дар ҳудуди ноҳия муассисаҳои тандурустӣ 111 ададро новобаста аз шакли тобеият ташкил медиҳад, ки аз ин шумора                  10 муассисаи тиббӣ аз буҷети ноҳиявӣ, 8 муассисаи тандурустӣ аз буҷети шаҳри Душанбе маблағгузо­ри­шаванда, 22 муассисаи тобеи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ,                            4 муассисаи тиббии худмаблағгузор ва 67 адад муассисаҳои хусусӣ фаъолият менамоянд.

Бо мақсади нигаҳдошт ва беҳтар намудани шароити муассисаҳои тандурустӣ аз буҷети маҳаллӣ ба 10 муассисаи соҳаи тандурустӣ дар ин давра ба таври умумӣ 89,4 миллион сомонӣ маблағҳо хароҷот карда шудааст.

Бо мақсади баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, ҷиҳати татбиқи стратегияи давлатӣ оид ба ҳифз ва таъмини ҳуқуқу манфиатҳои зан ва оила, барои амалӣ гардидани ҳуқуқу манфиатҳои онҳо, баробарии гендерӣ, иштироки васеи занҳо дар ҳалли вазифаҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ, идораҳои давлатию ҷамъиятӣ, инчунин ҷиҳати ҷобаҷогузорӣ ва тарбияи кадрҳо аз ҳисоби бонувон аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия як қатор корҳо ба анҷом расонида шуданд.

Айни замон, дар ноҳияи Сино шумораи занон 48,4% яъне зиёда аз 240 ҳазору 497 нафар мебошанд, ки аз ин 310 нафарашон дар вазифаҳои роҳбарикунанда фаъолият менамоянд. Аз он ҷумла, аз 25 минтақа ва 64 маҳаллаҳои ноҳия дар 25-тои он занону бонувони муваффақ роҳбаранд ва аз 40 нафар вакилони ноҳиявӣ 13 нафарашон занону бонувон мебошанд.

Самти занон дар соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи ноҳия назаррас буда, дар соҳаҳои маориф 5454 нафар, тандурустӣ     6765 нафар,  соҳибкорзанон 1832 нафар, коммуналӣ 1000 нафар, бонкҳо 40 нафар фаъолият доранд. Дар дастгоҳи Раиси ноҳия аз шумораи умумии 29 нафар кормандон, 7 нафар занон фаъолият доранд, ки аз инҳо 2 нафар ҳайати роҳбарикунанда ва 4 нафар занону духтарон ба захираи кадрҳо ворид карда шуданд.

Дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино аз шумораи умимии хизматчиёни давлатӣ 57 нафар фаъолияткунанда 13 нафаро занон ташкил медиҳанд, ки аз ин шумора 5 нафар кадрҳои роҳбарикунанда мебошад.

Вобаста ба иҷрои қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 8 феврали соли 2023 таҳти №47 «Дар бораи таҷлил намудани 30-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи ҶумҳурииТоҷикистон дар шаҳри Душанбе » ва дастуру супориши Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино, дар доираи нақша чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино, масъулини шуъбаву бахшҳои мақомот бо дидорбини ва бо мақсади ошноӣ пайдо кардан аз ҳаёти сарбозон аёдати сарбозон таҳти унвони «Корвони модарон» дар қисми ҳарбии 051064 Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шифохонаҳои ҳарбии қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ карда шуд.

Дар чорабинии мазкур раисони Шӯроҳои занон ва бонувони муассисиаҳои олӣ ва миёнаи касбии ҳудуди ноҳияи Сино саҳми намоён гузошта бо дастовез ба дидорбинии сарбозон омаданд.

Дар ин радиф ба қисмҳои ҳарбии 051053, 051064-и Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қисми ҳарбии 0120-и Қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф намуда сараввал ноҳия, табрикоти самимии роҳбарияти ноҳияро ба кулли афсарону сарбозон расонида дар рафти чорабини роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокмияти давлатии ноҳияи Сино бо сарбозону афсарон мулоқот намуда, таъкид доштанд, ки артиши миллӣ ва шароитҳои қисмҳои низомии кишвар зери тавваҷуҳи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта тамоми шароитҳои заруриро барои хизмат амалӣ карда шуданд. Аз ин лиҳоз, хизмат ба Ватан модар ин қарзи ҳар як фарди ҷомеа ба ҳисоб меравад. Нақшаи даъвати тирамоҳи 660 адад буда, дар муҳлати муқарраргардида ба анҷом расонида шуд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки дар чорабиниҳои боло зикр дар ҳамаи қисмҳои ҳарбӣ чорабинии фарҳангӣ ва дастархони идона баҳри болидаруҳии хотираи сарбозон ташкил ва баргузор карда шуд.

Санаи 6 марти соли 2023 бахшида ба «Рӯзи Модар» дар ноҳияи Сино ҷаласаи тантанавӣ таҳти унвони «Зан-сарчашмаи меҳр» дар толори Донишгоҳи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон  ба номи М.Турсунзода бо иштироки собиқадорон ва фаъолзанон доир гардида ба 330 нафар занону бонувон бо либоси атлас ва гул сарфароз гардонида шуданд. Дар аввал бо ҷалби васеи ҳунармандони ҳудуди ноҳия намоиши ҳунарҳои мардумӣ чорабиниро ҳусни оғоз бахшида ба ҳамаи занону бонувон ва иштирокчиён туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

Дар давраи ҳисоботи дар байни занону ҷавондухтарон дар ҳамкорӣ бо сохторҳои ноҳиявӣ дар маҷмуъ 28 чорабиниҳо аз ҷумла 120 вохуриву мулоқот, 60 рейдҳои муштарак ва корҳои фаҳмондадиҳи оид ба пушидани сару либоси миллӣ, 8 адад аксияи тозагӣ, 50 адад аксияи «Тоҷикона мепушем» 4 адад барномаҳои телевизонӣ ва ғайраҳо бо иштироки 8600 нафар бонувон баргузор гардид.   

Дар самти амалӣ намудани сиёсати давлатии ҷавонон  дар давраи ҳисоботӣ дар ноҳия 294 адад иншоотҳои варзишӣ, аз ҷумла 1 адад варзишгоҳи марказӣ, 2 қасри теннис, 1 тенниси тобиистона, 2 маҷмаи варзишӣ, 18 адад толорҳои хусусии варзишӣ, 1 адад варзишгоҳ, 3 адад ҳавзҳои шиноварӣ,  1 адад  маҷмаи варзишӣ, 14 адад мактабҳои варзишии шаҳрӣ ва ҷумҳуриявӣ фаъолият доранд, ки аз ҷониби масъулини соҳаи варзиш 661 маротиба мусобиқаҳои оммавию варзишӣ ва татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон бо иштироки 139020 ҳазор нафар наврасону ҷавонон ташкил ва баргузор карда шуданд.

Ҳамзамон қайд менамоем, варзишгарони ноҳия дар мусобиқаҳои вилоятиву ҷумҳуриявӣ аз руи намудҳои гӯштини самбо, гуштини миллӣ, тоэквандо ВТФ, қайиқронӣ ва футбол иштирок намуда сазовори 425 медали тилло, 397 нуқра ва 483 бирнҷи гардидаанд, ки дар умум 1305 медалро дар бар меигад.

 Дар сатҳи байналмиллалӣ бошад 6 медал ба даст оварданд.  Аз он 2 тилло,  2 нуқра ва 2 биринҷи, ки боиси ифтихор ва сарфарозии кули мардуми тоҷик гардид. Ҳамзамон қайд менамоем, ки 795 мулоқоту вохуриҳо дар самти сиёсатӣ давлатии ҷавонон гухаронида шуд, ки бо фарогирии  12225 нафар иштирок намуданд.

Оид ба беҳдошти вазъи корҳои пешгирӣ ва профилактикӣ бо ноболиғону ҷавонон як қатор чорабиниҳо дар ҳудуди ноҳия ба анҷом расонида шуд. Бо мақсади пешгирии зуҳуроти номатлуби ҷинояткорӣ, нашъамандию нашъаҷалобӣ миёни наврасону ҷавонон, донишҷӯёни коллеҷҳо, омӯзишгоҳу литсейҳо ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар ҳамкорӣ бо шуъба­чаҳои Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони шуъбаҳои 1 ва 2-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Сино вохӯриҳо анҷом дода шуданд.

Вобаста ба дарки пурраи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» аз тарафи Комиссияи оид ба ҳуқуқи кӯдак дар якҷоягӣ бо Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон ва ҷавонон дар шаҳраку маҳаллаҳо ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия пайваста вохӯриву сӯҳбатҳо  гузаронида мешавад.

Бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросими ноҳия дар ҳамкорӣ бо комиссияи до­имии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо мақсади риояи Қону­ни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» вобаста ба пешниҳо­доти шуроҳои ҷамъиятии шаҳраку маҳаллаҳо дафтари махсуси бақайдгирии ҷашну маросимҳоро тартиб дода, гузаронидани маърака­ҳоро назорат менамоянд.

Дар моҳҳои январ – декабри соли 2023 дар ноҳия – 5520 адад маърака гузаронида шуда аз ин тӯйи домодию арӯсӣ – 5365 адад, маросими чил – 97 адад ва маросими сол – 58 ададро ташкил дода, ки хароҷоти умумии маъракаҳо ба ҳисоби миёна ба 21 миллиону 460 ҳазор сомонӣ баробар гардидааст.

Ҷиҳати иҷрои банди 4 нақшаи кории Комиссияи доимоамалкунандаи ноҳиявӣ оид ба танзими анъана ва ҷашну маросим дар ҳамкорӣ бо сохторҳои шаҳрӣ ва ҷумҳуриявӣ дар соли 2023 1881 рейди муштарак гузаронида шуд, ки дар натиҷа 16 адад қонуншиканӣ ба қайд гирифта шуда, парвандаҳо барои баррасӣ ба мақомоти судӣ пешниҳод карда шудаанд.

Дар ҳудуди ноҳия 2 масҷиди ҷомеъи марказӣ, 11 масҷиди ҷомеъ, 10 масҷиди панҷвақтаи дорои иҷозати адои намози ҷумъа ва 28 масҷиди панҷвақта фаъолият менамояд. Шумораи ташкилотҳои динии ғайриисломӣ 11 ададро ташкил медиҳад.

Бояд қайд кард, ки дар ноҳия 29997 нафар нафақахӯр ба қайд гирифта шуда, талаботи умуми барои пардохти нафақа            163,7 миллион сомониро ташкил дод, ки пурра сари вақт ба нафақахӯрон таъмин карда шуд.

Дар ин давра ба 137 нафар собиқадорон, аз ҷумла ба маъюбон ва иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ  (мутаносибан ба як нафар 700 сомонӣ дар як моҳ), ба меҳнаткашони ақибгоҳ, медалистҳо, маъюбони ҷанги Афғонистон ва садамаи Чернобил (мутаносибан 100 сомонӣ ба 1 нафар дар 1 моҳ) ба маблағи 185,3 ҳазор сомонӣ кӯмакпулӣ ҷудо карда шудааст.

Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи ҷашну идҳо анҷом додани амалҳои хайру савоб, кӯмак расонидан ба оилаҳои ниёзманд, фақирону муҳтоҷон, ятимону барҷомондагон ва бепарасторон аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия чораҳои зарурӣ андешида шуда, дар маҷмӯъ дар ин давра ба 4917 нафар ба маблағи                 1 миллион 763 ҳазору 980 сомонӣ кӯмакҳои моддию молиявӣ расонида шуд.

Ҳамзамон дар ин давра ба 13 оила ба маблағи 17680 сомонӣ дафнпулӣ аз ҷониби мақомот расонида шуд.

Дар давраи ҳисоботӣ аз тарафи бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ 9942 қайди кӯдакони навзод ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 764 нафар зиёд мебошад.

Инчунин дар ин давра 1481 адад сабти никоҳ ва 763 адад бекоршавии ақди никоҳ ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 262 адад ҷудошавӣ кам мебошад.

Дар тавозуни Муассисаи давлатии истифодабарии роҳҳои ноҳияи Сино (бо назардошти воридшавии роҳҳо аз ноҳияи Рудакӣ)     267,06  км роҳҳо қарор дорад.

Дар ҳудуди ноҳия  таъмири ҷории роҳҳо дар масоҳати            41500 метри мураббаъ ба нақша гирифта шуда, дар масоҳати 41109 метри мураббаъ аз таъмири ҷорӣ бароварда шуданд, ки 108,7 фоизи иҷроиши нақша мебошад.

Дар ҳамин давра бо ташабусӣ сокинон ва соҳибкорон 3,5 км роҳҳои дохилии маҳаллаҳо мунфарш карда шуд.

Вобаста ба иҷрои қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 6 июни соли 2022, №275 Оид ба нақшаи чорабиниҳо дар бораи ниҳолшинонию сабзкорӣ дар мавсими тирамоҳи соли 2022 ва баҳори соли 2023” нақшаи чорабиниҳо таҳия ва тасдиқ гардид. Дар асоси нақшаи таҳрезигардида аз ҷониби ташкилоту муассисаҳои ҳудуди ноҳия новобаста аз шакли моликият ва соҳибкорон зиёда аз 81172 дарахтони сояафкан, ороишӣ, буттагӣ ва мевадиҳанда шинонида шуд. Илова бар ин то ин ҷониб дар ҳудуди ноҳия 3 миллиону 326 ҳазору 59 дона гулҳои мавсимӣ, бисёр сола ва гулҳои лола шинонида шуд.

Аз ҷониби муассисаи давлатии истифодабарии роҳҳои ноҳия дар ин давра 6832 бех ниҳолҳои ҳархела шинонида шуд, ки аз ин дарахтони сояафкан 215 бех, дарахтони ороишӣ 6587 бех ва буттагӣ  30 бехро ташкил медиҳад. 

Ҳамзамон, дар ин давра гулҳои мавсимӣ ба миқдори          909500 дона ба нақша гирифта иҷроиш 1 миллиону 128,1 ҳазор дона шинонида шуд, ки 124,0 фоизи нақшаро ташкил медиҳад. Гулҳои бисёрсола дар ҳудуди ноҳия 565041дона ба нақша гирифта шудааст, аз ин  гулҳои лола  195000 дона ба нақша гирифта шуда, 735240 дона шинонида шуд, ки ин нишондод 3,3 баробар зиёд мебошад.

Новаҳои обгузар дар масоҳати 252740 метри тӯлонӣ аз лою ифлосиҳо тоза карда шуда, ҷуйборҳои зери заминӣ ба масоҳати 10917 метри мураббаъ ва партовҳои канори роҳ ба миқдори        8161,1 тонна, инчунин 1501 сар саг ва 16 сар гурбаи бесоҳиб дастгир ва безарар гардонида шуда, ба партовгоҳи умумишаҳрӣ интиқол дода шуд.

Дар ин росто, канорасангҳои хиёбону кӯчаҳои А.Сино, С.Шерозӣ, И.Сомонӣ, Ҳ.Шерозӣ, Б.Ғафуров, Раҳимӣ, Соҳилӣ, Н.Махсум, А.Навоӣ, Б.Ҳамдам, Ҷ.Расулов, Абдуллобеков, Н.Ганҷавӣ, А.Ғуломов, Шамсӣ, Маяковский, Тунис, Борбад, Пахтакор, Гипрозем, Варзишӣ, Эстакадаи шаҳраки 82 ва дигар кӯчаҳои ҳудуди ноҳия дар масоҳати 120320 метри мураббаъ рангубор карда шуд.

Ҳамзамон 30 адад истгоҳҳои нақлиётӣ таъмир  ва 101 адади онҳо бошад рангубор карда шуданд. Дар ин росто гузаргоҳҳои зеризаминии назди Боғи ҳайвонот, Қарияи Боло ва Терминали мусофиркашонӣ  ҳамарӯза тоза карда мешавад.

Панҷараҳои оҳанини ҳамшафати роҳҳо рангубор ва қитъаҳои ҳамшафати роҳҳои хиёбону кӯчаҳо ба масоҳати 58452 метри мураббаъ тахту ҳамвор карда шудаанд, ки 103,7 фоизи нақшаро ташкил медиҳад. (нақша 56340 метри мураббаъ).

Дар ҳудуди ноҳия КВД «Нақлиёти махсуси партовҳои сахти маишӣ»-и ноҳия ба 581 нуқтаҳои партовпартоӣ хизмат мерасонад, ки аз ҷумла 218 адад дар шахтаҳои баландошиёна,  112 адад дар  шаҳракҳо, 93 адад дар маҳаллаҳо, 51 адад дар муассисаҳои мактабӣ ва томактабӣ, 107 адад дар корхонаҳои буҷавӣ, тандурустӣ ва хизматрасонии тиҷоратию саноатӣ ташкил медиҳад.

Дар соли 2023 корхона 13137 рейс ба миқдори 118381,32 тонна  партовҳо ва 1800 тонна партогоҳои бесоҳиб ба партовгоҳи умумишаҳрӣ интиқол дода шудаанд.

Ҳамзамон бояд қайд намуд, ки бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Раиси шаҳри Душанбе оиди тақвият додани корҳо ҷиҳати гузариш ба низоми “биллингӣ” дар самти ҷамъоварии маблағи ҳаққи хизматрасонии партовкашонӣ аз ҷониби мақомот тадбирҳои амалӣ роҳандозӣ гардидааст.

Барои риоя накардани талаботҳои қонунгузориҳои ҳифзи муҳити зист дар давоми соли 2023 нисбати 670 нафар протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, ба маблағи 765500 сомонӣ ҷаримабандӣ карда шудааст, пурра ситонида шудааст.

Инчунин барои буриши ғайриқонунии дарахтон ба маблағи 24633 сомонӣ зарари экологӣ ҳисоб намуда, пурра ситонида шудааст.

Аз ҷониби Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии ноҳия дар моҳҳои январ – декабри соли              2023 тибқи талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини амнияти санитарию эпидемиологии аҳолӣ» ва Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо намояндагони шуъбаҳои №1 ва №2 Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Сино 602 иншоот ва муассисаҳо мавриди санҷиш қарор дода шуд.

Дар натиҷа нисбати муттасадиён 563 парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда ба маблағи умумии 163812 сомонӣ ҷарима таъин карда шуд.

Дар рафти санҷишҳои санитарӣ 3732,4 кг маҳсулотҳои хӯроквории муҳлаташон гузашта ва пастсифат ба маблағи     93015 сомонӣ аз муомилот бароварда шудаанд.

Дар моҳои январ – декабри соли 2023 аз ҷониби қисмҳои мустақили ҳарбикунонидашудаи Хадамоти давлатии оташнишонии Раёсати хадамоти давлатии оташнишонии шаҳри Душанбе оид ба муҳофизати ноҳияи Сино дар қисмати шимолӣ ва ҷанубӣ 80 ҳодисаи сӯхтор рӯх додааст, ки зарар аз он 1 миллиону 25 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Дар ин давра нисбати роҳбарон ва шахсони масъули ташкилоту корхонаҳои ноҳия 507 адад протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб додашуда, ба маблағи      156 ҳазору 644  сомонӣ ҷаримабандӣ карда шуд.

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ноҳия оид ба таҳкими волоияти Қонун, мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, муомилоти ғайриқонунии воси­та­ҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва пешгирии қонунвайрон­кунӣ корҳои муайянро ба анҷом расониданд.

Дар ҳудуди ноҳия дар моҳҳои январ – декабри соли           2023 1420 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2022   169  ҷиноят кам мебошад.

Дар ин давра ҷиноятҳои куштор 2 адад,  дуздӣ – 485 адад аз ҳамин давраи соли гузашта 9 адад кам, авбошӣ 127 адад нисбати соли гузашта 31 адад зиёд, ғоратгарӣ – 14 адад нисбати соли гузашта 20 адад кам буда, қаллобӣ – 210 (73 адад кам), содиршавии ҷиноят аз тарафи ноболиғон ва бо иштироки онҳо – 29 адад  ба қайд гирифта шудааст.

Дар ин давра ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе 4738 адад ҳуҷҷат ворид шуд, ки аз ин шумора ба 4387 адад ҳуҷҷат ҷавоби расмӣ гардонида шуда, 351 адади боқимонда мавриди баррасию корбарӣ қарор доранд. 

Дар соли ҷорӣ ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия мактубҳо тавассути мақомотҳои болоӣ ва вазорату идораҳо 3239 адад ва муроҷиати шаҳрвандон 1499 адад ворид шудааст.

Муроҷиати шаҳрвандон аз ҷониби шуъбаи коргузорӣ, назорат ва муроҷиати шаҳрвандон ба қайд гирифта шуда, ба   1423 адад муроҷиат ҷавоби расмӣ дода шуда, 76 адад муроҷиат мавриди баррасию корбарӣ қарор доранд.

Муроҷиатҳои шаҳрвандон бештар ба масъалаҳои кӯмаки молиявӣ (208 адад), гирифтани замин (46 адад), оиди сафари Ҳаҷ (194 адад), муроҷиати дастаҷамъона дар самтҳои гуногун (274 адад) ва дигар муроҷиатҳо (777 адад) вобаста мебошад.

Ҳамзамон, аз ҷониби Раиси ноҳия дар ин давра 227 нафар шаҳрвандон қабул гардида, вобаста ба ҳалли муроҷиати онҳо аз ҷониби масъулини мақомот чораҳои таъхирнопазир андешида шуд.

Дар давраи ҳисоботӣ маҷлисҳои машваратию назоратии назди Раиси ноҳия 51 маротиба баргузор гардида, ҳамаи онҳо аз тарафи масъулини дастгоҳи Раиси ноҳия протоколҳо тартиб дода шуданд.

Дар давраи ҳисоботӣ 236 амр ва 187 адад қарорҳои Раиси ноҳия ба тасвиб расида, 6 иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқи ноҳия баргузор гардидааст.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе минбаъд низ фаъолияти худро дар доираи татбиқи барномаҳо барои рушди минбаъдаи иқтисодиву иҷтимоӣ, таъмини волоияти Қонун, тақвият бахшидан ба тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон, тараққиёти муттасили саноату сохтмон, беҳтар намудани кори донишомӯзию тарбия дар муассисаҳои таълимӣ равона намуда, баҳри фаъолияти боэътимоди муассисаҳои маорифу тандурустӣ, фарҳангу варзиш, савдову хизматрасонӣ ва коммуналӣ чораҳои саривақтиву зарӯриро амалӣ менамояд.