МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ СИНОИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

БАРГУЗОРИИ НИШАСТИ МАТБУОТӢ ДАР МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ СИНОИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Published by bro on

Санаи 15 феврали соли 2024 дар асоси нақшаи тасдиқнамудаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳузури намояндагони васоити ахбори оммаи мамлакат ва иштироки масъулини воҳидҳои сохтории ноҳия нишасти матбуотии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино доир гардид. Дар доираи регламенти пешбинигардида Раиси ноҳия ба ҳозирин оид ба натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии ноҳияи Сино дар соли 2023, дурнамо ва афзалиятҳои соҳавӣ, нишондиҳандаҳои мусбӣ ва қаноатбахши соҳаҳои ҳаётан муҳим, иҷроиши нақшаву стратегияҳо, инчунин корҳои анҷомдодашуда дар соли гузашта ва вазифаҳо барои соли оянда дар ноҳия маълумот ироа намуданд. Баъд аз пешниҳоди маълумоти муфассал намояндагони васоити ахбори омма ба Раиси ноҳия вобаста ба баъзе аз мушкилоти ҷойдошта саволу пешниҳодҳои худро манзур намуданд, ки аз ҷониби Раиси ноҳия ба онҳо ҷавобҳои мушаххас дода шуд. Дар охир, бо қаноатмандӣ аз ташкили фазои озод ва мусоид барои мусоҳиба ва баёни андеша рӯзноманигорон афкору таассуроти худро изҳор дошта, ба Раиси ноҳия Саидзода Тоҷиддин Ниёз бо ифтихорнома аз ҷониби намояндагони васоити ахбори оммаи мамлакат қадрдони гардиданд. Раиси ноҳия, муҳтарам Саидзода Тоҷиддин Ниёз барои иштироки фаъол ба кулли иштирокчиён миннатдори баён намуда, нишасти матбуотиро пӯшида эълон намуданд!