ТАШРИФИ РАИСИ НОҲИЯИ СИНО МУҲТАРАМ САИДЗОДА ТОҶИДДИН НИЁЗ БАХШИДА БА “РӮЗИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН” – БАРГУЗОРИИ ТАДБИРҲОИ ИДОНА ДАР ҚИСМИ НИЗОМИИ 5453 ВАЗОРАТИ КОРҲОИ ДОХИЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Санаи 16-уми феврал Раиси ноҳияи Сино муҳтарам Саидзода Тоҷиддин Ниёз, муовини Раиси ноҳия Сафарализода С., мудири шуъбаи рушди иҷтимои ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси ноҳияи Сино, Мудири шуъбаи назорат, Мудири маориф, мудири бахшҳо, инчунин дигар кормандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино ва як гуруҳ модарон дар қисми низомии 5453 Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Сино бахшида ба “Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ” тадбирҳои идона доир намуданд.
Дар ин рӯз кормандони ноҳияи Сино ва модарон ба аёдати сарбозон бо дастовези идона нону шириниҳо ташриф оварда, бо вазъи хизмат дар сафи Артиши миллӣ аз наздик ошноӣ пайдо карданд.
Нахуст Раиси ноҳия муҳтарам Саидзода Тоҷиддин Ниёз ба муҳайё гардидани шароити мусоиди хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ибрози назар намуда, афсаронро ба рӯзи Артиши миллӣ табрику таҳният гуфта,ба онҳо барои содиқона хизмат намудан ба Ватани худ таманниёти нек намуданд.
Дар давоми мулоқот бо сарфармондеҳи қисми низомӣ, Раиси ноҳия аз вазъи кунунии кисми низоми шиносои пайдо намуда, вобаста ба бехбуд бахшидан ба фаъолияти муассиса дастурхои мушахас доданд.
Дар интиҳо дар фазои суруду таронаҳои аҳли санъат, модарон ва сарбозону афсарон шодиву нишоти идона намуданд.
Аз роҳандозии чунин тадбири муҳим сарбозон изҳори сипосмандии хешро ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён намуданд.