МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ СИНОИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

ТАШРИФИ РАИСИ НОҲИЯИ СИНО МУҲТАРАМ САИДЗОДА ТОҶИДДИН НИЁЗ БАХШИДА БА “РӮЗИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН” – БАРГУЗОРИИ ТАДБИРҲОИ ИДОНА ДАР МАКТАБИ МУОСИРИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ.

Published by bro on

Санаи 21-уми феврал  Раиси ноҳияи Сино муҳтарам Саидзода Тоҷиддин Ниёз, муовини якуми Раиси ноҳия Искандарзода Б,, муовини Раиси ноҳия Сафарализода С., мудири шуъбаи рушди иҷтимои ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси ноҳияи Сино, мудири маориф, мудири бахши фарҳанг ва инчунин дигар кормандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино  бахшида ба  “Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ” дар мактаби муосири байналмилалӣ воқеъ дар ноҳияи Сино тадбирҳои идона доир намуданд.

Нахуст Раиси ноҳия муҳтарам Саидзода Тоҷиддин Ниёз ба муҳайё гардидани шароити мусоиди хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ибрози назар намуда, афсаронро ба рӯзи Артиши миллӣ табрику таҳният гуфта,ба онҳо барои содиқона хизмат намудан ба Ватани худ таманниёти нек намуданд.

Дар интиҳо дар фазои суруду таронаҳои аҳли санъат,  сарбозону афсарон ва иштирокчиени чорабинӣ шодиву нишоти идона намуданд.

Аз роҳандозии чунин тадбири муҳим сарбозон изҳори сипосмандии хешро ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён намуданд.