МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ СИНОИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ ДАР НОҲИЯИ СИНОИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Published by bro on

Дар мулоқоти навбатие, ки дар толори МТМУ №32-ноҳияи Сино бо иштироки Мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, Калонов А.С., Мудири  бахши ҳуқуқи дастгоҳи Раиси ноҳияи Сино Бобоев Н, ва мудири шуъбаи муқовимат бо коррупсияи Раёсати агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Турсунзода Ш баргузор карда шуд. Дар рафти ҷаласа барраси шуд ки, Паёми Пешвои миллат ҳуҷҷати муҳими расмии барномавӣ ва муайянкунанда буда, яке аз роҳҳои ифодагари равшании рушди иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиву сиёсии кишвар мебошад, ки дарбаргирандаи барномаи мукаммали тамоми ниҳодҳо арзёбӣ мегардад.

Президенти кишвар дар Паёми имсола дар бораи тарақиёту пешрафти соҳаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, илму фарҳанг ва сиёсати дохиливу хориҷии кишвар муфассал ибрози андеша намуда, вазифаҳои минбаъдаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои яксоли оянда мушаххасан баррасӣ намуданд.

Дар фарҷоми вохурӣ ба саҳми  намояндагони минтақаҳои №№32, 33 ва маҳаллаи “Роҳи нав” ва ҳайати омузгорон расонида шуд, ки барои баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии саъю кушиш намудан лозим аст. Дар фаровари мулоқот миёни иштирокдорон саволу ҷавоб бобати мавзӯъҳои зикршуда сурат гирифт.

Иброз шуд, ки соли 2024 дар мамлакат санаи бисёр мубораку фархунда, ки бунёди давлати соҳибистиқлоли мо аз он сарчашма мегирад, яъне 30-солагии қабули Конститутсия таҷлил мегардад. Бахшида ба ин санаи таърихӣ Президенти Тоҷикистон пешниҳод намуданд, ки соли 2024 Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон карда шавад. Дар ин замина фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон намудани соли 2024» аз 31 декабри соли 2023 ба тасвиб расидааст. Гуфта шуд, ки имрӯз баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон дар робита ба расидан ба ҳадафу мақсадҳо ва вазифаҳои давлати ҳуқуқбунёд, аз ҷумла баҳри дар амал татбиқ намудани ҳама арзишҳои давлати ҳуқуқбунёд, ба монанди волоияти қонун ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ҳадафи асосии сиёсати ҳуқуқии мамлакат қарор гирифтааст.

Аз ҷониби намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душабе ва мудири шуъбаи муқовимат бо коррупсияи Раёсати агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфта шуд, ки мо ва падару модарон бояд қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», инчунин дигар қонунгузории ҷумҳуриро риоя намоем, дар мактабҳои миёна, миёнаи касбӣ ва олӣ маъракаҳои фаҳмондадиҳиро оид ба риояи қонунгузории ҷумҳурӣ, шомил нагаштани ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ амалӣ намуда, ҷавон]онро ба тарзи ҳаёти солим ҳидоят намоем, сатҳи таълиму тарбияро баланд бардорем, эҳсоси худшиносии милливу ифтихори ватандӯстӣ ва таҳаммулгароиву инсондӯстии онҳоро зиёд намоем. Дар ин раванд бояд дар зеҳну шуури насли наврас ахлоқи ҳамида, эҳтироми падару модар ва калонсолон, омӯзиши илму дониш ва касбу ҳунарҳои муосир, меҳнатдӯстӣ ва риояи волоияти қонунро тарбия намоем.