ИҶЛОСИЯИ НУЗДАҲУМИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ НОҲИЯИ СИНОИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ, ДАЪВАТИ ШАШУМ
Имрӯз дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Иҷлосияи нуздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, даъвати шашум баргузор гардид.
Дар Иҷлосия вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, муовини якум, муовинон, роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия, мудирони шуъбаю бахшҳои мақомот, инчунин воҳидҳои сохтори ноҳиявӣ, сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, кормандони соҳаи маориф, тандурустӣ, имомхатибон, сардорони минтақа ва раисони Шӯрои маҳаллаҳо иштирок доштанд.
Сараввал барои оғози кори иҷлосия аз тарафи вакилон ҳайати котибот ва Комиссияи таҳририя пешниҳод ва интихоб карда шуд.
Баъдан тибқи рӯзномаи иҷлосия муовини Раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳаи ободонӣ ва кабудизоркунӣ Шарофуддинзода М.Д. Дар бораи Барномаи давлатии экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2028 ва рафти иҷрои қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 12 сентябри соли 2023, таҳти рақами 479 “Дар бораи тасдиқи Нақша чорабиниҳо оид ба ниҳолшинонию сабзкорӣ дар мавсими тирамоҳи соли 2023 ва баҳори соли 2024 қайд карда шуд.
Таъкид карда шуд, ки пас аз шинонидани дарахтону ниҳолҳо барои сарсабзии онҳо ва тозагии наҳрҳои дар ҳудуди ноҳия ҷойгиршуда ва экология, аҳмияти ҷиддӣ дода шавад.
Вобаста ба корҳои ободонӣ аз ҷониби Раиси Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ба масъулини соҳа ва сохторҳио дахлдори ноҳия дастур дода шуд, ки ҷиҳати таъмини қарори Раиси шаҳри Душанбе барои сарсабзу зебо гардидани шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷидди корбарӣ намуда, фаъолиятро дар ин самт ҷоннок намоянд.
Доир ба масъалаи дуюми иҷлосия муовини Раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳаи иҷтимоӣ, фарҳанг ва танзим Сафарализода С.С. Дар бораи арзёбии татбиқи стратегия ва барномаҳои давлатӣ дар соҳаи кор бо занон ва оила бо мақсади фаъолгардонии нақши занон дар ҳаёти иҷтимоию сиёсӣ ва таъмини иҷрои Нақша-чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар ин самт
ба ҳамаи масъулини соҳаҳо дастур дода шуд, ки то охири сол омодагӣ ва фаъолияти соҳаҳоро, аз ҷумла соҳаи рушди иҷтимоӣ, маориф, тандурустӣ, ва дигар сохторҳоро зери назорат қарор дода, корбарӣ намоянд. Масъулини соҳаҳо муваззаф карда шуданд, ки тибқи қарори Раиси шаҳри Душанбе дар муҳлатҳои муайяншуда вазифаҳои дар уҳдадоштаро таъмин намоняд.
Ба сардорони минтақаҳо ва намояндаи Экология дар ноҳияи Сино дастур дода шуд, ки корхонаҳои дорои партови дудии калонро ҷиддӣ назорат бурда, барои тоза намудани боду ҳавои ноҳияи шаҳрамон саҳм гузоранд. Ҳамзамон сардори Муассисаи давлатии истифодабарии роҳҳои ноҳия муваззаф гардид, ки нисбати роҳҳои кандашуда дар кӯчаву хиёбонҳо ва дохили минтақаю маҳаллаҳо бо сохторҳои дахлдор корбарӣ намоянд.
Дар ҷамъбасти иҷлосия Раиси ноҳияи Сино муҳтарам Саидзода Т.Н. ҳозиринро бо омади ҷашни Байналмилалии Наврӯз шодбош гуфта, қарорҳои Раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе тасдиқ карда шуд.