МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ СИНОИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

БАРГУЗОРИИ СЕМИНАР-МАШВАРАТ ҶИҲАТИ ВУСЪАТ БАХШИДАНИ ҲАМКОРИҲО БО СОҲИБКОРОНУ САРМОЯГУЗОРОН

Published by bro on

14.03.2024. Бо мақсади иҷрои банди 28-и нақшаи кори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, ҷиҳати вусъат бахшидани ҳамкориҳо бо соҳибкорону сармоягузорон, ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ, ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ, имтиёзҳо ва мушкилоти ҷойдошта, дар пойтахт семинар-машварат баргузор гардид.
Семинар-машварат зери роҳбарии муовини Раиси шаҳри Душанбе Абдураҳмонзода Абдураҳмон сурат гирифта, дар кори он муовини Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори Раёсати тарифи гумрукӣ ва арзии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини Раиси бонки Миллии Тоҷикистон, муовини Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, соҳибкорон ва намояндагон аз вазорату идораҳои дахлдор ширкат намуданд.
Зимни суханронӣ зикр шуд, ки аз ҷониби роҳбарияти олии кишвар, бахусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ вобаста ба дастгирии соҳибкорӣ ва ҳавасмандии онҳо дар давоми солҳои соҳибистиқлолии кишвар, пайваста вохӯриву мулоқотҳо баргузор карда мешаванд.
Феълан дар пойтахт Маркази дастгирӣ ва рушди соҳибкорӣ таъсис ёфтааст, ки он баҳри ҳавасмандгардонӣ, ба соҳибкорон қарзҳои имтиёзнокро пешкаш менамояд.
Дар идома масъулин вобаста ба ҷиҳати равнақ бахшидани фаъолияти сармоягузорӣ, сабукиҳои андозӣ, вусъат бахшидани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ ва дигар пардохтҳои ҳатмии гумрукӣ сухан гуфтанд. Дар охир миёни масъулин ва иштирокчиёни семинар-машварат муколамаи озод сурат гирифт, ки ширкунандагон ба саволҳои худ посух гирифтан