МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ СИНОИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

ҶАШНИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ БО ШУКӮҲУ ШАҲОМАТИ ХОСА ТАҶЛИЛ ГАРДИД!

Published by bro on

ҶАШНИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ БО ШУКӮҲУ ШАҲОМАТИ ХОСА ТАҶЛИЛ ГАРДИД!
23 марти соли 2024 дар боғи фарҳангию фароғатии боғи Умари Хайёми ноҳияи Синои пойтахт бо иштироки васеи сокинону меҳмонон бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз тантанаи бошукӯҳи идона ва барномаи рангини фарҳангӣ баргузор гардид.
Дар чорабинии идона раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Саидзода Тоҷиддин Ниёз намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва сокинони шарафманди ноҳияи Сино ширкат варзиданд.
Нахуст раиси ноҳияи Синои пойтахт Саидзода Тоҷиддин Ниёз суханронӣ намуда, фарорасии ҷашни байналмилалии Наврӯзро ба кулли сокинони сарбаланди ноҳия шодбош гуфт ва аз нақши бузурги Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хусуси мақоми байналмилалӣ пайдо намудани ҷашни фархундаи Наврӯз ёдовар гардид.
Зикр гардид, ки Наврӯз бо таърихи беш аз шашҳазорсолаи худ бузургтарин ҷашни миллии тоҷикон ва соли нави аҷдодии мо буда, ниёгони некноми мо онро аз замонҳои хеле қадим бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил менамуданд ва омадани баҳору эҳёи табиатро бо шодиву хурсандӣ ва бо иштироки хурду бузурги диёр истиқбол мегирифтанд. Боиси ифтихормандист, ки Наврўз ҳамчун иди ҷаҳонӣ аз ҷониби Созмони Миллали Муттаҳид этироф гардида, аз соли 2010 дар тамоми ҷаҳон ҷашн гирифта мешавад.
Мо бояд фаромўш насозем ва шукрона кунем, ки воқеан барои оммавӣ шудани Наврўзи бостонӣ ва ҷаҳонӣ шудани он хизмати шоистаю босазои Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле бузург аст. Ин моро ба он ҳидоят мекунад, ки ба гузаштаи дуру наздики худ бори дигар назар андозем ва баҳри пешрафти рушди соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ дучанд меҳнат намуда, ба қадри арзишҳои маънавии миллат ва неъматҳои бузурги даврони истиқлолият бирасем. – иброз дошт раиси шаҳри Истаравшан
Дар идома тантанаҳои бошукӯҳи наврӯзӣ оғоз гардида, аз ҷониби бахши фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия барномаи зебои идона ва рангини ҳунарӣ ки ба ситоиши Наврӯз, баҳор ва зебоию шукуфоии табиат бахшида шуда буд, пешкаши ҳозирин гардидонида шуд, ки ба чорабинии ҷашнӣ ҳусну таровати тоза зам намуд.
Дар баробари барномаи фарҳангии театрикунонидашуда дар саҳни боғи фарҳангию фароғатӣ Умари Хайём бо назардошти эҳёи анъанаҳои таърихӣ, ҳунарҳои мардумӣ, маҳсулоти саноатии истеҳсолшаванда, кишоварзӣ, таъомҳои милливу либосҳои тоҷикона, бозиҳои варзишӣ ва расму оини маҳаллии сокинони ноҳияи Синои пойтахт инъикос карда шуд.