ГУСЕЛИ НАВАСКАРОН ДАР НОҲИЯИ СИНОИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ
Боиси хушҳоли ва сарфарозист, ки имрӯз нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ бо сарбаландӣ иҷро гардида истодааст.
Бо ин мақсад ба хотири болидахотирии наваскарон ва падару модарони онҳо дар комиссариати ҳарбии ноҳияи Сино чорабинии фарҳангӣ иборат базму суруд доир гардид.
Чорабиниро муовинони Раиси ноҳияи Сино оғоз намуда, ба наваскарон ва волидони онҳо барои тарбияи баланди фарзанд дар самти Ватанпарварӣ изҳори сипос намуданд.
Инчунин дар ин чорабини Комисари ноҳия, падарон ва наваскарон баромад ва суханронӣ намуданд.
Фаъолон ва масъулони ин самт бо Ифтихорнома ва Сипосномаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия сарфароз гардонида шуданд.
Ҳунармандони бахши фарҳанги ноҳия бо сурудҳои Ватанпарварии худ руҳияи иштирокдоронро болида намуданд.