СОКИНОНИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ АЗ ТАШХИСУ МУОИНА ВА МАШВАРАТИ РОЙГОН ГУЗАШТАНД
Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар самти андешидани чораҳои муҳиму саривақтӣ ҷиҳати таъмини солимии аҳолӣ бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии тандурустӣ, ки ҳар сол дар саросари олам санаи 7 апрел қайд карда мешавад, имрӯз, 6 апрели соли равон маъракаи солимгардонии ташхису муоина ва машварати ройгони сокинони пойтахти кишвар шаҳри Душанбе гузаронида шуд. Суратгузориш аз Маркази саломатии шаҳри №9- ноҳияи Сино.



