МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ СИНОИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Паёми табрикотии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бахшида ба Иди саиди Фитр

Published by bro on

Ҳамдиёрони азиз!
Ҳамаи шуморо ба муносибати фарорасии Иди Рамазон самимона табрик гуфта, ба хонадони ҳар яки Шумо осоишу офият, файзу баракат ва бахту саодат орзу менамоям.
Боиси шукргузорист, ки бо шарофати Истиқлоли давлатӣ мардуми кишвари маҳбубамон ҷашну идҳои милливу давлатӣ ва анъанаҳои суннатии худро дар фазои оромӣ, суботи сиёсӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллиамон таҷлил менамоянд.
Моҳи Рамазон дорои фазилатҳои бузург буда, моҳи парҳезгорию бахшиш, покизагию фурӯтанӣ, сабру таҳаммулпазирӣ, хайру саховатмандӣ ва дигар амалҳои нек маҳсуб меёбад.
Бори дигар мардуми сарбаланди кишвар, аз ҷумла сокинони шарафманди пойтахти сарсабзу зебоямонро бо фарорасии Иди саиди Фитр табрик гуфта, ба ҳар як сокини мамлакат тансиҳатӣ, рӯзгори ободу осуда ва барои кишвари биҳиштосоямон – Тоҷикистон шукуфоиву суботи ҷовидонӣ орзу менамоям.
Иди саиди Фитр муборак бошад, ҳамватанони азиз!