МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ СИНОИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Иҷроиши дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Published by bro on

Иҷроиши дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаи 9.03.2024.
Имрӯз санаи 16.04.2024 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе маҷлис бо иштироки Раиси ноҳияи Сино муҳтарам Саидзода Тоҷиддин Ниёз., Роҳбари дастгоҳи Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Генерал-майори милитсия муҳтарам Ҳафиззода Шодӣ Хуршед., Сардори Раёсати мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводҳои мухадири Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Генерал-майори милитсия Назарзода Бахтиёр Бобо ва Сардори Раёсати огоҳонӣ, пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ҷавонону ноболиғони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Полковники милитсия муҳтарам Бухоризода Мансур Ғоиб маҷлис оид ба масъалаҳои пешгирии пайдошавии ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ, омезиши фарҳангӣ бегона, гирифтани маълумоти динии ғайриқонунӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо гузаронида шуд.
Маҷлис бо фарогирии намояндагон аз соҳаҳои фарҳангу маориф, тандурустӣ, ҳифзи ҳуқуқ, сардорони минтақа, имомхатибон ва намояндагони дигар соҳаҳо ба итмом расида, масъулин ба иштирокчиён дастуру маълумотҳои заруриро оид ба масъалаҳои зерин фаҳмондадиҳӣ намуданд!