ЭЪЛОН
Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзӣ Ҷавонони Тоҷикистон аз 22 апрел то15 майи соли 2024 озмуни мақолаи беҳтаринро эълон менамояд.
Озмун миёни ҷавонони аз 14 то 35 сола баргузор гардида дар озмун ҷавонон аз тамоми вазорату идораҳо, донишгоҳу донишкадаҳо, коллеҷу литсейҳо ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҳудуди ноҳия ҳуқуқи иштирок намуданро доранд.
Бояд қайд намоем, ки ҳамон мақолае дар озмун ба инобат гирифта мешавад, ки дар доираи дастгирию ғамхориҳои Пешвои миллат нисбат ба ҷавонон, нақши ҷавонон дар ҷомеа ва дастовардҳои ҷавонон дар 32 соли Истиқлолиятро дар бар гирад. Агар дар навишти мақола муаллиф аз сиркаҳо ( асардузди ) истифода бурда бошад, мавод баҳогузорӣ карда намешавад.
Хоҳишмандон метавонан ҷиҳати иштирок дар озмун ва пешниҳоди мақолаҳои худ дар шакли электрони ва хатти ба унвонии бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Синои шаҳри Душанбе муроҷиат намоянд.
Ғолибонро сипоснома ва тӯфаҳои хотирави интизор аст.
Тел:250,30,22 917,44,44,66 200,21,90,09 902,62,02,26
Ватсап: 917,44,44,66 902,62,02,26
Суроға: ш. Душанбе, хиёбони И. Сомонӣ, 62 бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ошёнаи 7-ум бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Синои шаҳри Душанбе.