МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ СИНОИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

АЁДАТИ ИШТИРОКЧИЁНИ ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНИИ СОЛҲОИ 1941-1945 ВА РАСОНИДАНИ КУМАКПУЛИҲО

Published by bro on

Ҳамасола дар доираи тадбирҳои иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар арафаи Рӯзи ғалаба ба Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 ба иштирокчиёни набардҳои нобаробари ин ҷанг, ки ҳоло дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе истиқомат мекунанд, туҳфаҳои пулӣ тақдим карда мешавад. Зимни аёдати шахсӣ имсол низ чунин иқдоми иҷтимоӣ мавриди амал қарор гирифт.
Дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе айни замон 3 нафар иштирокчии ҷанг зиндагӣ менамоянд. Дар заминаи ташрифи бевосита намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуфатоҳзода Г, муовини Раиси шаҳри Душанбе Фақерзода Р. ва Раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Саидзода Тоҷидин Ниёз туҳфаҳои пулии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва роҳбарияти ноҳияро расониданд.
Гуфта мешавад, ки анҷоми чунин амалҳои хайр қадрдонии хизмати онҳо дар муҳофизати Ватан-Модар мебошад. Бо мақсади арҷгузорӣ ба хизматҳои фарзандони баруманди миллат дар роҳи ҳифзи Ватан дар давраи Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 нақшаи чорабиниҳо таҳия гардида, дар амал татбиқ мегарданд
Ин аст, ки дар ҳошияи ин тадбирҳо намояндагони мақомотхои болозикр дар солгарди навбатии таҷлили ғалаба дар ҶБВ ба аёдати иштирокчиёни ин ҷабҳаи нангу номус рафтанд. Инчунин ба ҳар як иштирокчӣ кӯмакҳои пулӣ, аз ҷумла ба маблағи 40 ҳазор сомонӣ аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, 10000 ҳазор сомонӣ аз номи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва 5000 сомонӣ аз номи роҳбарияти ноҳияи Синои шаҳри Душанбе тақдим карда шуд.
Тӯҳфаҳои пулӣ ба Ҳалимов Ҳайдар , Нағзибеков Бозор Шодмонович ва Заргаров Мухтор такдим гардид. Зимнан таъкид шуд, ки хизматҳои ин фарзонафарзандони миллат ҳеҷ гоҳ фаромуш намешавад ва кору пайкори онҳо барои насли наврас барои ҳамешагӣ мактаби ҷасорату мардонагӣ боқӣ мемонад. Иштирокчиёни ҶБВ ҳам дар навати худ ба Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷиҳати дастгириву ғамхориҳо ва таваҷҷуҳи хосаву пайваста миннатдорӣ баён намуданд.