МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ СИНОИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Ҷамъбасти даври ноҳиявии озмуни Ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман»

Published by bro on

Ҷамъбасти даври ноҳиявии озмуни Ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман»
Дар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1-уми январи соли 2024 пойтахт даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман!» баргузор шуд. Даври ноҳиявии омзун дар ноҳияи Сино дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода сурат гирфита, ҷамъбас гардид ва маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони озмун доир гашт. Дар оғоз намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино зимни суханронӣ изҳор доштанд, ки Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» таҳти cарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз соли 2019 инҷониб баргузор шуда, мақсади озмун муаррифии фарҳанги волои миллати тоҷик, таблиғ ва эҳёи санъати миллӣ, эҳтиром ва арҷгузорӣ ба суннатҳои неки аҷдодӣ, баланд бардоштани сатҳи касбии асарҳои нави мусиқӣ, навозандагӣ, сарояндагӣ, маҳорати касбии ҳунари мусаввирӣ, ҳайкалтарошӣ, ороишгарӣ ва либосдӯзӣ, интихоби намунаҳои беҳтарини оҳангу суруд, коллексияҳо ва асарҳои рассомӣ мебошад. Дар соли 2024 ба Озмун номинатсия нав – оҳангсозӣ-бастакорӣ ворид гардида, интизор меравад, ки ба ин восита истеъдодҳои ҷавон дар санъати касбии мусиқии миллӣ рӯйи кор меоянд. Ҳамин гуна ба ғолибони даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон Ватани азизи ман» дар ноҳияи Сино масуъулин дар вазъияти тантанавӣ диплому мукофотҳоро супориданд. Бояд қайд кард, ки дар даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон Ватани азизи ман» дар ноҳияи Сино 150 нафар иштирок намуда маҳорату малака ва истеъдоди худро манзури ҳайати ҳакамони озмун гардониданд. Ҳамин гуна бо хулосаи ниҳоии аъзои ҳакамони даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» 86 нафар тавонистанд, ки ғолибиятро ба даст оваранд. Озмун бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани ҷашни Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дарёфти истеъдодҳои нави соҳаи санъат, баланд бардоштани мақому маҳорати касбӣ, тақвият бахшидан ба касбияти ҳунари иҷрокунандагӣ ва эҷоди мусиқии нав, инчунин таълифи ашъори баландғояи ватандӯстона, дарёфти беҳтарин намунаҳои оҳанг ва сурудҳои тараннумгари дастовардҳои замони Истиқлолияти давлатӣ баргузор мегардад. Озмун аз рӯи номинатсияҳои композиторӣ, сарояндагӣ, навозандагӣ, санъати тасвирӣ ва дизайн гузаронида мешавад. Гуфта мешавад, ки ҳар як номинатсия дорои талаботи махсуси касбӣ буда, дар вақти иҷро таълифи асари мусиқӣ, шеър, суруд ва оҳанг ба инобат гирифта мешаванд. Ёдрас мешавем, ки озмуни мазкур аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар вазорату идораҳои дахлдор баргузор карда мешавад. Дар асоси Низомнома ба озмун қабл аз ҳама суруд ва оҳангҳои тозаэҷод, асарҳои нави композиторони ватанӣ, ҳамзамон беҳтарин осори мусиқии классикии ҷаҳонӣ, намунаҳои олии мусиқии анъанавӣ (мақомхониву фалаксароӣ), инчунин овозхонии академӣ (вокал) пешниҳод мешаванд. Озмун дар байни хонандагон ва донишҷӯёни муассисаҳои таълимии санъату фарҳанг, хонандагон ва донишҷӯёни муассисаҳои таълимии соҳаи маориф ва дигар вазорату идораҳое, ки дар сохторашон муассисаҳои таълимӣ доранд, инчунин муассисаҳои таълимии хусусӣ, композиторон (оҳангсозон), сарояндагон, овозхонон, навозандагон, ҳунармандон, иштирокчиёни филармония ва театрҳои халқӣ, гурӯҳҳои ҳунарии назди раёсат, шуъба ва бахшҳои фарҳанги вилоят ва шаҳру ноҳия, аъзои ансамблҳои тарона ва рақс ва фолклорӣ, сарояндаҳои санъатдӯст, ансамблҳои оилавӣ, шахсӣ ва истеъдодҳое, ки алоҳида фаъолият менамоянд, иштирок карда метавонанд.