МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ СИНОИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

18.05.2024 МАРОСИМИ КУШОДАШАВИИ ДАВРИ НОҲИЯВИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ “МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ- ОЙИНИ ХУДШИНОСӢ” ВА БАРГУЗОРИИ ҚИСМИ АМАЛИИ ОЗМУН ДАР НОҲИЯИ СИНОИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ.

Published by bro on

Бо мақсади иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2023 №668 дар бораи эълон гардидани соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ” ва дар ин замина баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии наврасону ҷавонон фармоиши мудири шӯъбаи маорифи ноҳияи Сино аз 13 майи соли 2024 №71/4-A дар бораи баргузории даври дуюми (ноҳиявӣ) озмуни ҷумҳуриявии “Маърифати ҳуқуқӣ-ойини худшиносӣ” ба тасвиб расидааст. Дар ин замина, аз ҷониби Муассисаи давлатии “Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои ноҳияи Сино” бо низоми нави баргузорӣ, ташкил ва ҷамъбасту натиҷагирии озмуни мазкур ба нақша гирифта шудааст.
Бояд қайд намуд, ки озмун аз ду қисм иборат аст: амалӣ ва назариявӣ. Кори хаттии озмун ба таври кушода сурат гирифта намунаи мавзӯъҳои тавсияшаванда чанд рӯз қабл то баргузории озмун дастраси муассисаҳои таълимӣ гардонида шуда буд. Корҳои тестӣ тариқи низоми автоматикунонидашуда (худкор) сурат мегирад. Дар рӯзи дуюми озмун қисмати шифоҳӣ ба нақша гирифта шуда, барои дуруст муайян намудани донишу малакаи довталабон коршиносон аз факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф ва омӯзгорони Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои ноҳияи Сино ҷалб гардидааст.