МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ СИНОИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

БАРГУЗОРИИ МУСОБИҚАИ ШОҲМОТ БАЙНИ ТАЪЛИМГИРАНДАГОНИ МАҲФИЛИ “ШОҲМОТ”-И МАРКАЗ

Published by bro on

Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон ва баргузории «Ҳафтаи кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе», ки тибқи қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 23 майи соли 2024, №324 “Дар бораи омодагӣ ва таҷлили Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон дар шаҳри Душанбе” тасдиқ гардидааст, байни таълимгирандагони маҳфили “Шоҳмот”-и муассисаи давлатии “Маркази кӯдакон ва наврасони ноҳияи Сино”-и шаҳри Душанябе ва муассисаи давлатии “Маркази эҷодии кӯдакон ва наврасони ноҳияи Фирдавсӣ”-и шаҳри Душанбе мусобиқаи шоҳмот ва шашка ташкил ва баргузор карда шуд. Ғолибон дар Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон 1.06.2024 аз тарафи кумитаи тадорукот қадрдонӣ карда мешаванд.
Суратгузориш аз рафти баргузории мусобиқаи мазкур: