МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ СИНОИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ КӮДАКОН

Published by bro on

НОҲИЯИ СИНО 31.05.2024
Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон
Бо мақсади татбиқи қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 23 майи соли 2024, №224 “Дар бораи омодагӣ ва таҷлили Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон дар шаҳри Душанбе” аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ба муносибати 1-уми июн – Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон дар яке аз маконҳои хушманзара, боғи фарҳангию фароғатии “Восеъ” чорабинии фарҳангӣ таҳти унвони “КӮДАКОН – ГУЛҲОИ ЗИНДАГИИ МОЯНД” ташкил карда шуд.
Дар чорабинии мазкур Раиси ноҳияи Сино Саидзода Тоҷиддин Ниёз, муовинони Раиси ноҳия ва дигар меҳмонон иштирок доштанд.
Дар ибтидоӣ чорабинӣ муовини Раиси ноҳия ҳозиринро аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, хосатан Раиси ноҳияи Сино Саидзода Тоҷиддин Ниёз бо Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон самимона табрику муборакбод намуда, осмони софу беғубор, хотири ҷамъ, саломатӣ ва хушбахтӣ таманно намуданд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки бо шарофати сиёсати оқилона ва заковати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳифзу ҳимояи оила, кӯдак ва волидайн дар меҳвари давлатдории навини тоҷикон қарор дошта, рукни муҳими ҳаёти ҷамъиятӣ ба шумор меравад.
Боиси хурсандист, ки ҳамасола Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон дар арафаи санаи барои халқу миллати мо муқаддас, яъне Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҷашн гирифта мешавад. Дар ин раванд, дӯстрӯякон, ҳамчун насли нави ояндасози тоҷик баҳри пешрафту шукуфоии Тоҷикистони азизамон садоқатмандона саъю кӯшиш намуда, бо ташаббусҳои наҷиб, талошҳои пайгирона, дастовардҳои фикриву эҷодӣ, варзишӣ ва хониши хубу аъло барои баланд бардоштани нуфуз ва эътибори Ватани маҳбубамон саҳм мегузоранд.
Боиси таъкид аст, ки аз ҷониби давлату Ҳукумат барои амалишавии орзуву ормонҳои кӯдакон, бахусус, бачагони ятиму бепарастор дилсӯзиву меҳрубонии хоса зоҳир мегардад. Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамаи мулоқоту суҳбатҳои худ аҳли ҷомеро ба анҷоми амалҳои хайр ва ғамхорӣ нисбат ба табақаҳои ниёзманди аҳолӣ, аз ҷумла кӯдакону наврасони ятиму бепарастор даъват намуда, дар ин радиф барои таъмини ҳифзи иҷтимоии онҳо пайваста иқдоми хайрхоҳона зоҳир менамоянд.
Дар пайравӣ бо амалҳои наҷиби Пешвои муаззами миллат аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар ҷашнҳои муҳиму сиёсии миллӣ ба якчанд ятими кулли ҳудуди ноҳия дастархони идона ороста шуда, тӯҳфаҳо супорида шуданд. Боиси зикр аст, ки ба 800 нафар кудакон тухфахои хотирмон аз номи Раиси нохия супорида шуд.
Кӯдакон хазинаи ояндабахши фардои зиндагии мо ҳастанд. Ҷомеа аз насли наврас умедвор аст, ки хубу аъло хонда, соҳиби ахлоқи намунавӣ гардида, аз падару модарон тақозо менамояд, ки барои дуруст ба роҳ мондани таълиму тарбияи фарзандони хеш беаҳамиятӣ зоҳир накарда, ҷиҳати иҷрои босамару натиҷаовари Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” камари ҳиммат бубанданд, зеро мо дар тарбияи насли наврасу ҷавон ҳамон замоне муваффақ мешавем, ки ҳамкории оила ва ҷомеа хуб ба роҳ монда шавад. Аз ин рӯ, муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, миёнаи умумӣ ва дигар зинаҳои таҳсилотро зарур аст, ки барои хуб ба роҳ мондани таълиму тарбия ҳамкориро бо оила густариш бахшанд. Хамзамон бахри болидарухии кудакон бозиҳои атраксионӣ барои онҳо ройгон хизмат расониданд.
Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон муборак, ҳамватанони азиз!