МАРОСИМИ ҶАМЪБАСТ ВА ҶОИЗАСУПОРИИ ҒОЛИБОНИ ДАВРИ НОҲИЯВӢ, ШАҲРӢ ВА ҶУМҲУРИЯВИИ ОЗМУНУ ОЛИМПИАДАҲОИ ФАННӢ ВА СОҲАВӢ ДАР СОЛИ ТАҲСИЛИ 2023-2024 ДАР НОҲИЯИ СИНОИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ
Дар таърихи 4 июни соли 2024 дар толори Муассисаи давлатии таълимии «Мактаби муосири байналмиллалии Душанбе» маросими ҷамъбаст ва ҷоизасупории ғолибони даври ноҳиявӣ, шаҳрӣ ва ҷумҳуриявии озмуну олимпиадаҳои фаннӣ ва соҳавӣ дар соли таҳсили 2023-2024 баргузор гардид. Дар чорабинӣ муовини Раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа Сафарализода Ситора, мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, муовини сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, директори Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои шаҳри Душанбе, директорони марказҳои дарёфт ва рушди истеъдодҳои ноҳияҳо ва роҳбарони муассисаҳои таълимӣ иштирок намуданд.
Маросими ҷоизасупориро муовини Раиси ноҳияи Сино, сарпарасти соҳа Сафарализода Ситора бо сухани табрикотӣ оғоз намуда аҳли маорифчиёни ноҳия ва ғолибону ҷоизадорони озмуну олимпиадаҳои ноҳиявӣ, шаҳрӣ ва ҷумҳуриявиро ба муносибати анҷоми соли таҳсил табрик намуда, дар фаъолияти минбаъда барору комёбӣ орзу намуданд.
Маросими ҷоизасупорӣ аз рӯйи 14 наминатсия:
– Сегонаи беҳтарин Муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии фаъол дар ҳаракати олимпӣ;
– Сегонаи беҳтарин Муассисаҳои таҳсилоти типи нави фаъол дар ҳаракати олимпӣ;
– Ғолибони даври ноҳиявии озмуни шаҳрии «Забон донӣ-ҷаҳон донӣ»;
– Ғолибони даври ноҳиявии озмуни шаҳрии «Тоҷи сари ҷумла ҳунарҳост илм»;
– Ғолибони даври ноҳиявии озмуни «Омӯзгори соли Тоҷикистон»;
– Ғолибони даври ноҳиявии озмуни «Мураббии соли Тоҷикистон»;
– Ғолиби даври шаҳрии озмуни «Хонандаи сол»;
– Ғолиби даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин кабинети методӣ дар соли таҳсили 2023-2024»;
– Ғолибони даври шаҳрии фестивал-озмуни «Шукуфаҳои пойтахт»;
– Ғолибони даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии «Маърифати ҳуқуқӣ-ойини худшиносӣ»;
– Ғолибони озмуни ноҳиявии «Ҳуқуқдони беҳтарин»;
– Ғолибони даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннӣ.
Аз рӯйи наминатсияи “Сегонаи беҳтарин Муассисаҳои таҳсилоти типи нави фаъол дар ҳаракати олимпӣ” муассисаҳои таълимии зерин дониста шуданд:
– Муассисаи давлатии таълимии “Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе”, ҷойи якум;
– Муассисаи давлатии таълимии “Литсей Президентӣ барои хонандагони болаёқати Тоҷикистон”, ҷойи дуюм;
-Муассисаи давлатии таълимии “Гимназияи №1 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе”, ҷойи сеюм.
Аз рӯйи наминатсияи “Сегонаи беҳтарин Муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии фаъол дар ҳаракати олимпӣ” муассисаҳои таълимии зерин дониста шуданд:
– Муассисаи таълимии хусусии Абдураҳмони Ҷомӣ, ҷойи якум;
– Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №56, ҷойи дуюм;
– Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №60, ҷойи сеюм.
Аз рӯйи наминатсияи “Ғолибони даври ноҳиявии озмуни «Омӯзгори соли Тоҷикистон»” насиби омӯзгорони муассисаҳои таълимии зерин гардидан
– Меҳрангези Аслиддин омӯзгори муассисаи давлатии таълимии Литсейи №2 барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе, ҷойи якум;
– Алиев Ҳусейн омӯзгори Литсейи Умари Хайём дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, ҷойи дуюм;
– Назарова Зумрад омӯзгори Гимназияи №3 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе, ҷойи сеюм.
Аз рӯйи наминатсияи “Ғолибони даври ноҳиявии озмуни «Мураббии соли Тоҷикистон»” мурабиёни муассисаҳои таҳсилоти томактабии зерин дониста шуданд.
– Ғаюрова Фирӯза мураббии Муассисаи таҳсилоти томактабии №112, ҷойи якум;
– Расулова Маърифат мураббии Муассисаи таҳсилоти томактабии №95, ҷойи дуюм;
– Мирзоева Нодира мураббии муассисаи таҳсилоти томактабии №162, ҷойи сеюм.
Маросими ҷоизасупорӣ бо иштироки ҳунармондони шинохтаи кишвар идома намуда бо гирифтани акси хотиравӣ ҳусни анҷом ёфт.