МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ СИНОИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ДАР БОҒИ ФАРҲАНГӢ-ФАРОҒАТИИ “КУЛИ ҶАВОНОН”

Published by bro on

Таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар боғи фарҳангӣ-фароғатии “Кули Ҷавонон”

Санаи 25 июни соли 2024 дар “Боғӣ фарҳангӣ-фароғатии   “Кули ҷавонон” ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ ташкил ва баргузор карда шуд, ки дар чорабини мазкур муовини Раиси бонки милии Тоҷикистон, Назирӣ Гулбаҳор Назир,

муовини Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралӣ, Раиси ноҳияи Сино муҳтарам Саидзода Тоҷиддин Ниёз,

Раиси Федератсияи Иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, Неъматзода Маликшо Маҳмадшо, намояндагони мақомотҳои қудратии ноҳия ва кормандони сохторҳои дахлдори ноҳияи Сино иштирок намуданд.

Сараввал муовини Раиси шаҳри Душанбе Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралӣ, суханронӣ намуда қайд намуданд: Ваҳдат мафҳумест, ки бо садо доданаш осоиштагӣ, сулҳу субот, якдигарфаҳмӣ, сарҷамъии ҷомеа ва миллату давлат фаҳмида мешавад.

Сипас Раиси ноҳия муҳтарам Саидзода Тоҷиддин Ниёз баромад намуда, тамоми сокинони ноҳияи Синои шаҳри Душанберо ба ҷашни 27 – солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ муборак гуфта, таманно намуданд, ки дар хонадони ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ иқболу саодат, файзу баракат ва сулҳу ваҳдати ҷовидонӣ доимо ҳукмфармо бошад.

Дар рафти чорабинӣ ба хотири болидарӯҳии меҳмонон ва сокинони ноҳия бо иштироки санъаткорони шинохтаи кишвар барномаи фарҳангӣ ташкил карда шуд.