ҲИСОБОТ
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе фаъолияти худро дар моҳҳои январ – июни соли ҷорӣ тибқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарору дастурҳои Раиси шаҳр ва Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ба роҳ монда, баҳри таъмини рушди иқтисодию иҷтимоӣ, дастгирии соҳибкории хурду миёна ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ як қатор чораҳои мушаххасро ба роҳ монд.
Дар давраи ҳисоботӣ нақшаи қисми даромади буҷети ноҳия аз рӯи контингенти умумӣ ба маблағи 547,1 миллион сомонӣ муқаррар шуда, дар асл ба буҷет ба маблағи 618,6 миллион сомонӣ ворид гардид, ки 113,1 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.
Таҳлилҳо нишон дод, ки дар ин давра ба маблағи 71,5 миллион сомонӣ ба буҷети давлати маблағҳои иловагӣ ворид карда шудаанд.
Нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллии ноҳия дар моҳҳои январ – июни соли 2024 ба маблағи 228,4 миллион сомонӣ муқаррар шуда, дар асл ба буҷети маҳаллӣ 236,9 миллион сомонӣ ворид гардид, ки иҷроиши он 103,7 фоизро ташкил медиҳад.
Ба буҷети маҳаллӣ аз ҳисоби андози даромад аз шахсони воқеӣ 28,2 миллион сомонӣ, андоз аз фоида 41,3 миллион сомонӣ, андози аксизи 9,6 миллион сомонӣ, андоз барои захираҳои таббиӣ 1,1 миллион сомонӣ, андоз аз нақлиёт 14,2 миллион сомонӣ, низоми махсуси андозбандӣ 38,0 миллион сомонӣ, боҷи давлатӣ 12,7 миллион сомонӣ, дигар даромадҳои ғайриандозӣ 1,5 миллион сомонӣ ва андозҳо аз молу мулкӣ ғайриманқул 43,7 миллион сомонӣ ворид гардидааст.
Қисми хароҷоти буҷети маҳаллӣ дар ин давра мувофиқи нақшаи аниқшуда ба маблағи 223,3 миллион сомонӣ муқаррар шуда, ба маблағи 219,4 миллион сомонӣ иҷро шуд, ки 98,2 фоизи нақшаро ташкил медиҳад. Ин нишондод барои сари вақт маблағгузории муассисаҳои буҷетӣ, чорабиниҳои ҳаётан муҳими ноҳиявӣ, пардохти маблағи ҳисоббаробаркуниҳо ва Фонди стабилизатсионӣ оид ба рушди иқтисодиёт равона карда шудаанд.
Таҳлили иҷроиши нақшаи қисми хароҷоти буҷети маҳаллӣ нишон медиҳад, ки ҳаҷми маблағгузорӣ дар ин давра 0,7 фоиз ба сектори ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, 55,4 фоиз ба соҳаи маориф, 17,9 фоиз ба соҳаи тандурустӣ, 24,6 фоиз ба соҳаи хоҷагии манзилию коммуналӣ, 1,0 фоиз ба ҳифзи иҷтимоӣ ва 0,3 фоиз ба дигар чорабиниҳо равона гардидааст.
Боиси қайд аст, ки буҷети маҳаллии ноҳия аз рӯи пардохти маоши кормандони муассисаҳои буҷетӣ, пардохти кӯмакпулӣ ба хонандагон аз оилаҳои ниёзманд, пардохти кӯмакпулӣ ба собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ, хӯрокворӣ, доруворӣ, пардохтҳои ҷории суғуртаи иҷтимоӣ ва пардохти хизматрасонии коммуналии муассисаҳои буҷетӣ қарздор намебошад.
Дар ҳудуди ноҳия 321 адад коргоҳу корхонаҳои саноатӣ фаъолият доранд, ки дар онҳо истеҳсоли 72 намуди маҳсулот ба роҳ монда шудааст. Дар моҳҳои январ – июни соли 2024 аз ҷониби корхонаҳои саноатии ноҳия дар маҷмӯъ ба маблағи 907,3 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол гардид, ки нисбат ба соли 2023 ба маблағи 123,5 миллион сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиши он 115,5 фоизро ташкил медиҳад.
Саноат яке аз соҳаҳои асосии истеҳсолот буда ба тарқиёти устувори иқтисодиёти мамлакатамон таъсири беназир мерасонад ва барои ноил шудан ба ҳадафи чоруми стратегии кишвар, яъне саноатикунонии босуръати ҷумҳурӣ нақши муҳимро мебозад. Саноатикунонии босуръати иқтисодиёти миллӣ тақозо менамояд, ки дар истеҳсолот дастовардҳои илму техникаи муосири рақобатпазир ҳар чи бештар татбиқ карда шаванд.
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ 21 декабри соли 2021 бинобар аҳамияти бузурги соҳаи саноат дар рушди минбаъдаи мамлакат, ҳалли масъалаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва таъмин намудани ҳадафҳои стратегии миллӣ, аз ҷумла раванди саноатикунонии босуръати кишвар солҳои 2022 – 2026, «Солҳои рушди саноат» эълон намуданд. Мақсади асосии ин ҳадаф муҳайё намудани шароит барои корхонаҳои истеҳсолии ҷумҳурӣ, баланд бардоштани рақобатнокии маҳсулоти ватанӣ дар бозорҳои дохилӣ ва минтақа, ҳар чи бештар бунёд намудани корхонаҳои нави саноатӣ, афзун намудани иқтидори содиротии маҳсулоти саноатӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ мебошад.
Бо мақсади амали намудани ин ҳадаф қарори Раиси ноҳия “Дар бораи Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе оид ба эълон намудани солҳои 2022-2026 «Солҳои рушди саноат»” таҳти №123 аз 10 июни соли 2022 ба тавсиб расид, ки тибқи он тули солҳои 2022-2026 дар ҳудуди ноҳия 24 адад корхонаҳои саноатӣ бо таъсиси 1299 ҷойҳои нави корӣ сохта ба истифода дода мешаванд.
Дар ин раванд мувофиқи нақшаи тасдиқнамудаи мақомот соли 2022 бунёди 5 адад коргоҳу корхонаҳои саноати бо таъсиси (155 ҷои корӣ) ва соли 2023 низ бунёди 5 корхонаи саноати ботаъсиси 324 ҷои корӣ, дар маҷмуъ таи ду сол сохтмони 10 адад корхонаҳои саноатӣ бо таъсиси 479 ҷои корӣ ба нақша гирифта шуда дар натиҷаи бурдани корҳои таблиғотию ташвиғоти ва ҳамкории мақомот бо соҳибкорон дар асл 14 адад корхона бо таъсиси 606 ҷои нави корӣ сохта ба истифода дода шуданд. Дар соли 2024 бошад бунёди 4 адад корхонаҳои саноати бо таъсиси 336 ҷойи корӣ ба нақша гирифта шуда, 3 адади он бо таъсиси 301 ҷойи нави корӣ ба истифода дода шуда, дар боқимондаи онҳо корҳои сохтмони идома дошта то охири сол ба истифода дода мешавад. Ҳиссаи истеҳсоли маҳсулоти саноатии ноҳия дар маҷмуи истеҳсоли маҳсулоти саноатии дар шашмоҳи соли 2024 34,6 фоизро ташкил медиҳад.
Бо дар назардошти маълумотҳои болозикр ва таҳлилҳо аз он шаҳодат медиҳад, ки саноати ноҳия тамоюли рушди мунтазамро нигоҳ дошта истода, дар солҳои охир суръати хуби рушдро касб намудааст ва дар самти саноатикунонии босуръати мамлакат солҳои рушди саноат саҳми калон мегузорад.
Тибқи маълумотҳои фаврӣ ба ҳолати 1 июни соли 2024 таъсиси ҷойҳои кории нав, иловагӣ ва барқароршуда дар маҷмӯъ 8075 ададро ташкил медиҳад, ки нисбат ба соли гузашта 380 ҷой зиёд мебошад. Аз он ҷумла дар корхонаю ташкилотҳо 6836 ҷой ва аз тарафи шахсони воқеӣ 1239 ҷойи корӣ ташкил гардидааст.
Дар соли 2024 бо иштироки Пешвои миллат ҶСП “Пилаи Тоҷик” бо иқтидори 55,8 ва 300 ҷойи корӣ ифтитоҳ гардида, ба кор оғоз намуд.
Мувофиқи маълумоти мақомоти Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳия дар моҳҳои январ – июни соли ҷорӣ 1500 нафар сокинон бо ҷойи кор таъмин гардидаанд, ки аз ин теъдод тавассути ярмаркаҳо 100 нафарро ташкил медиҳад. Соҳаи савдо ва хизмати маишӣ дар пешрафти иқтисодиёти ноҳия ва таъмини аҳолӣ бо молҳои ниёзи мардум нақши муҳим дорад.
Гардиши мол дар тамоми воситаҳои амаликунонӣ ба 2023,8 миллион сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 ба 123,1 фоиз баробар мебошад.
Дар давраи ҳисоботӣ мувофиқи маълумотҳои оморӣ ҳаҷми хизматрасонии маишӣ ноҳия 78,1 миллион сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 ба 74,0 фоиз баробар мебошад.
Хизматрасонии пулакӣ ба аҳолӣ дар ин давра 1,6 миллион сомониро ташкил дод, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта бо дарназардошти индекси нарх 2,1 маротиба зиёд гардидааст.
Аз ҷониби корхонаҳои соҳаи нақлиёт 3 миллиону 863,0 ҳазор тонна бор кашонида шуда, нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 ба 113,6 фоиз баробар гардид.
Гардиши бор 136,8 миллион тонн\км-ро ташкил дод. Тавассути ҳамаи намуди нақлиёти мусофиркашонӣ 151,8 миллион нафар мусофир кашонида шудааст.
Мусофиргардиш бошад ба 713,7 миллион мусофир километр баробар гардид.
Воридоти маҳсулот дар моҳҳои январ – июни соли 2024 ба маблағи 130,3 миллион доллари амрикоӣ баробар гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 ба андозаи 44,6 миллион доллари амрикоӣ зиёд гардидааст.
Содироти моли ватанӣ бошад ба 2,8 миллион доллари амрикои баробар гардид.
Сармояи асосӣ бо маблағи 794,8 миллион сомонӣ корҳои сохтмониро ташкил медиҳад, ки ин 32 фоизи ҳаҷми умумии сармоягузории шаҳри Душанберо ташкил медиҳад.
Бо мақсади сазовор ҷашн гирифтани 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе нақша чорабиниҳо оиди корҳои ободонию бунёдкорӣ таҳия ва тасдиқ гардидааст, ки аз 1217 адад чорабинӣ 571 адад иҷро гардида 46,9% нақшаро дар бар мегирад.
Мавриди ба зикр аст, ки тибқи нақша-чорабиниҳои 35 солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2024 дар ҳудуди ноҳия аз шумораи 306 адад чорабинӣ 138 адад иҷро гардида 45% нақшаи солонаро дар бар мегирад. Бунёди 4 адад муассисаҳои мактабӣ, 2 адад бунёди муассисаҳои тандурустӣ, 4 адад бунёди коргоҳу корхонаҳои саноатӣ бо 80 ҷойи корӣ, 3,8 км сохтмон ва азнавсозии роҳҳо, 2 адад сардхона ва гармхона, 30 адад сохтмони бинои баландошёна, 93 адад рангу бори бинову иншоотҳо ва 29 адад сохтмон ва азнавсозии партовгоҳ ба ҳисоб мераванд.
Дар соли 2023 ҳамагӣ 253 иншоот ва дар соли 2024 138 иншоот бахшида ба 35-солагӣ сохта ба истифода дода шудааст.
Инчунин саҳми соҳибкорону шахсони саховатпешаро дар таъмиру азнавсозии роҳу кӯчаю маҳаллаҳои ҳудуди ноҳия, ки 4,8 км-ро ташкил менамояд қайд намудан зарур аст.
Дар ҳудуди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе 218 адад хоҷагии деҳқони кору фаъолит мекунад.
Дар ин давраи ҳисоботӣ аз ҷониби кишоварзони ноҳия дар майдони 533 га кишти тирамоҳи ва баҳорӣ ба нақаша гирифта шуда, иҷрои он тибқи маълумотҳои фаврӣ 535,3 га кишт гузаронида шуда, аз ин ғаладонагиҳо 320 га, аз он гандум 209 га, ҷав 5 га, зироатҳои техникӣ ҳамагӣ 99,5 га, пахта 28,0 га сабзавот ҳамагӣ 53,3 га ва картошка 60 га –ро дар бар гирифта корҳо дар ин самт бо суръат идома дорад.
Мақомот вобаста ба таҷлили ҷашну санадҳои таърихӣ, чорабиниҳои фарҳангӣ ва дар ин замина баланд бардоштани сатҳи маънавии ҷомеа, ташаккули шуурнокии сиёсию фарҳангӣ ва ватандӯстии шаҳрвандон корҳои муайянеро ба сомон расонида, 36 – адад чорабиниҳои сиёсию фарҳангӣ бо иштроки 18000 ҳазор нафар гузаронида шудааст. Аз ҷумла: чорабиниҳо бахшида ба таҷлили ҷашнҳои рӯзи Иди садда, Артиши миллӣ, рӯзи Модар, Наврӯзи байналмиллалӣ, рузи Пойтахт, 9 – уми Май, рӯзи Ҷавонон, Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон, ва рӯзи Ваҳдати миллӣ доир гардиданд.
Вобаста ба иҷрои қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 25 январи соли 2024, №37 «Дар бораи таҷлил намудани Иди байналмилалии Наврӯз-2024 дар шаҳри Душанбе» ҷиҳати омодагӣ ва таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз-2024», рӯзи 23 марти соли ҷорӣ дар боғи фарҳангию фароғатии “Умари Хайём”, маҳаллаи Буниҳисорак чорабинии “Наврӯзӣ” бо намоишҳои этнографии шаҳраку маҳаллаҳо бо иштироки муассисаҳои соҳаи маориф, тандурустӣ, корхонаҳои соҳаи саноат, савдо ва намоиши ҳунарҳои мардумӣ бо шукӯҳу шаҳомати хоса дар сатҳи баланд баргузор карда шуд.
Инчунин ҷиҳати ҷирои амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 декабри соли 2023, №АП-470 ва иҷрои банди 8-и қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 6 феврали соли 2024, №59 “Дар бораи тасдиқи ҷадвали баргузории фестивалу намоиш ва иду озмунҳои фарҳангию маърифати ва анъанаю ҳунарҳои мардумӣ дар шаҳри Душанбе барои солҳои 2024” санаи 30 июни соли 2024 дар боғи фарҳангию фароғатии “Ирам” ҷашни Иди тиргон бо баргузории Иди зардолу ва намоиши “Хушкмеваҳои Тоҷикистон” баргузор гардида, дар он ҳунармандони Муассисаи давлатии “Ҳунарҳои мардумӣ”-и ноҳияи Сино намоиши ҳунарҳои мардумиро пешкаш намуданд.
Бо мақсади иҷрои амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моҳҳои май-сентябри соли 2023 озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм-фурӯғи маърифат», «Тоҷикон – оинаи таърихи миллат» ва «Маснавихонӣ» миёни қишрҳои гуногуни аҳолӣ корҳои амалӣ роҳандозӣ карда шуданд.
Вобаста ба гузаронидани озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи донои китоб аст» бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 январи соли 2024, №АП-480 дар озмун 1860 нафар довталаб иштирок намуда дар натиҷаи озмун 98 нафар довталабон ба даври шаҳри роҳхат гирифтанд.
Ҷиҳати иҷрои амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1-уми январи соли 2024, №АП-479 қарори раиси шаҳри Душанбе аз 21 феврвли соли 2024, №100 «Дар бораи баргузор намудани озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон ватани азизи ман» дар шаҳри Душанбе ва қарори Раиси ноҳияи Сино аз 22 апрели соли 2024 ба тавсиб расида дар озмуни мазкур зиёда аз 600 нафар иштирок намуда, барои даври ноҳиявӣ 151 нафар довталаб роҳхат гирифтанд. Дар даври ҷамъбасти озмун аз 151 нафар иштирокчӣ 86 нафар ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм гардида, ба даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» роҳхат ёфтанд.
Боиси ифтихор аст, ки хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Сино дар даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннии мактаббачагон аз фанҳои табиӣ-риёзӣ ва амъиятӣ-гуманитарӣ дар соли 2024 фаъолона иштирок намуда, сазовори ҷойҳои намоён гардиданд.
Натиҷаи ҷамъбасти озмун маълум намуд, ки хонандагони ноҳияи Сино бо гирифтани 434 ҷойи ифтихорӣ (37 медали тилло, 115 медали нуқра ва 282 медали биринҷӣ) дар даври ҷумҳуриявӣ мақоми аввалро ноҳияи Сино ноил гардид.
Инчунин, хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия дар озмунҳои байналмилалӣ фаъолона иштирок намуда, соҳиби 131 медал гардиданд. Дар даври ҷумҳуриявии озмуни Spelling Bee соҳиби 2 ҷой (1 медали нуқра ва 1 медали биринҷӣ), дар озмуни ҷумҳуриявии Шоҳмот соҳиби 3 ҷой (3 медали нуқра), дар озмуни шаҳри Забон донӣ – ҷаҳон донӣ соҳиби 3 ҷой (1 медали тилло ва 2 медали нуқра), озмуни шаҳрии “Маърифати ҳуқуқӣ ойини худшиносӣ” соҳиби 2 ҷой (1 медали тилло ва 1 медали биринҷӣ) ва дар озмуни даставии “Тоҷи сари ҷумла ҳунарҳост илм” дастаи хонандагони ноҳияи Сино сазовори ҷойи 1 – ум гардиданд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи маорифро муҳимтарин масъалаи рӯзгор номида, ғамхорӣ ба соҳаи маорифро ғамхорӣ ба ояндаи миллат ва давлат маънидод менамояд ва онро дар маркази сиёсати давлат қарор додаанд. Воқеан маориф омили муҳимтарини наҷоти миллат ва таҳкими давлат буда, инкишофи соҳаи маориф ҳадафи стратегии сиёсати давлатии Тоҷикистон мебошад.
Маориф дар ҷаҳони имрӯза ба захираи муҳимтарини рушди иқтисодию иҷтимоии кишварҳо, баланд бардоштани некуаҳволӣ ва рушду такомули инфиродии шаҳрвандон мубаддал мегардад.
Дар соҳаи маорифи ноҳия пайваста барои беҳтар намудани шароити таълиму тарбияи мактаббачагон чораҳои зарурӣ андешида мешавад.
Масъалаи таъминоти муассисаҳои таҳсилоти умумӣ бо кадрҳои баландихтисос, ҷалби бештари хонандагон ба озмунҳо, корҳои эҷодӣ, дарсҳои иловагӣ ва корҳои тарбиявӣ, ҳамкории мактаб бо ҷомеа, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва завқи бадеиву зебоишиносии хонандагон, ҳамкорӣ бо ташкилотҳои ҷамъиятиву байналмилалӣ аз ҷумлаи чорабиниҳое буданд, ки дар сатҳи зарурӣ баргузор гардиданд.
Бояд қайд намуд, ки дар ҳудуди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе 80 муассисаи таҳсилоти умумӣ аз ҷумла 52 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии давлатӣ ва 28 адад муассисаҳои давлати ва хусусӣ бо фарогирии умумии 109551 хонанда, аз ҷума 51904 духтар фаъолият менамоянд. Аз инҳо, дар муассисаҳои таҳсилоти умумии буҷетӣ 92564 нафар хонанда, аз ҷумла 45627 духтар, ба таълими инфиродӣ 54 нафар ва таълимӣ инклюзивӣ 27 нафар хонанда дар муассисаҳои № 25, 33, 54, 66, 86, 91 ва 92 ба таълим фаро гирифта шудаанд. Ба таълиму тарбияи хонандагон 4820 нафар омӯзгор, аз ҷумла 3854 нафар зан машғул буда, аз ин шумора 4165 нафар бо таҳсилоти олии касбӣ, 422 нафар бо таҳсилоти олии нопурра ва 233 нафар бо маълумоти миёнаи педагогӣ машғул мебошанд.
Дар шаш моҳи соли ҷори тибқи нақша 446 нафар омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Сино аз курсҳои такмили ихтисос гузаштанд, ки 108% иҷроиши нақшаро ташкил медиҳад.
Дар соли таҳсили 2023-2024 дар муассисаҳои таълимии ноҳия 476 нафар омӯзгорони фанни математика ва геометрия, 150 нафар омӯзгорони фанни физика, 138 нафар омӯзгорони фанни химия, 192 нафар омӯзгорони фанни биология, 117 нафар омӯзгорони фанни география, 100 нафар омӯзгорони фанни технологияи иттилоотӣ, ҷамъ 1173 нафар омӯзгорони фанҳои дақиқ ва табиатшиносӣ фаъолият доранд.
Дар муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ ва таҳсилоти умумии ноҳия махфилҳои фанҳои табиатшиноси, дақиқ ва риёзи аз қабили “Математикони ҷавон”, “Химикони ҷавон”, “Физикони ҷавон”, “Техникони ҷавон”, “Барномасозони ҷавон”, “Биологони ҷавон” ва ғайраҳо фаъолият менамоянд.
Бояд тазаккур дод, ки дар муассисаҳои таълимии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бо мақсади таъмин намудани заминаҳои модди-техникии муассисаҳои таълими иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2021, №114 «Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таълими бо кабинетҳои фанни ва озмоишгоҳҳои муваққати таълими барои солҳои 2021-2025» зери назорати қатъи қарор дорад.
Бо дастгири мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва шахсони соҳибкор муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия бо 165 адад озмоишгоҳҳои таълимии муҷаҳаз гардонидашудаи фанҳои табиатшиносию риёзи таъмин мебошанд, ки аз онҳо озмоишгоҳи фанҳои физика 60 адад, химия 60 адад ва биология 45 ададро ташкил медиҳанд.
Дар соли 2024 барои харидори намудани кабинетҳои фаннӣ 38 адад ба нақша гирифта шудааст.
Дар ноҳия Сино 64 адад муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ аз ҷумла 41 адад муассисаи таҳсилоти томактабии давлатӣ, 1 адад муассисаи тобеи назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, 4 адад соҳавӣ ва идоравӣ бо ҷалби соҳибкорони ватанӣ 18 адад муассисаҳои таҳсилоти томактабии хусусӣ бо фарогирии 14406 нафар тарбиятгирандагон фаъолият доранд, ки дар онҳо 873 нафар кормандони педагоги ба таълиму тарбияи кӯдакон машғул мебошанд.
Ҳамзамон бояд тазаккур дод, ки тибқи Нақшаи чорабиниҳои амали намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ бахшида ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026 дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе 105 адад муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии барои бунёд, азнавсозӣ ва таъмири ҷорӣ ба нақша гирифта шудааст, ки аз ин шумора 11 ададашро бунёди биноҳои нави муассисаҳои таълимии хусусӣ ташкил медиҳад.
Ҳоло дар ноҳия бунёди 5 адад муассисаи таълимии миёнаи умумии ба беш аз 6380 ҷойи нишаст идома дорад.
Ҳамзамон дар давоми соли 2024 2- адад муассисаи таълими бо беш аз 5200 хонанда, ки оғози давраи хониши нав ба истифода дода мешавад.
Ҳамчунин 12 адад муассисаи томактаби барои 1200 тарбиятгиранда бунёд шуда истода, соли ҷорӣ бо иштироки Раиси шаҳри Душанбе муассисиаи томактабии “Ахтарак” бо 300 наврас тарбиятгиранда ва литсейи “Дурахши Рангинкамон” бо иштироки муовинони Раиси шаҳри Душанбе ифтитоҳ гардиданд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки дар 52 муассисаи таълимии буҷавии ноҳия шумораи компютерҳо 5574 адад, принтерҳо 556 адад, тахтаи электронӣ 656 адад, проектор 705 адад, синфхонаҳои компютерӣ 136 адад, ва ноутбук 61 ададро ташкил медиҳанд.
Аз шумораи муассисаҳои таълимии буҷавӣ 38 адади он ба шабакаи интернети пайваст мебошанд. Инчунин 52 адад муассисаҳои таълимии буҷавӣ ба барномаи электронии Е – Дониш пайваст мебошад.
Омӯзгорони фанни технологияи информатсионӣ 100 нафар буда, ба 7 нафар хонанда 1 адад компютер рост меояд.
Дар ин давра аз буҷети маҳаллӣ маблағгузории сарикасӣ ба соҳаи маориф, аз ҷумла барои нигоҳдошти 41 муассисаҳои то мактабӣ ва ба 53 муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва дигар муассисаҳои зертобеи шуъбаи маорифи ноҳия ба маблағи 121,7 миллион сомони хароҷот карда шуд.
Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ яке аз самтҳои муҳими фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия маҳсуб меёбад.
Дар ҳудуди ноҳия муассисаҳои тандурустӣ 111 ададро новобаста аз шакли тобеият ташкил медиҳад, ки аз ин шумора 10 муассисаи тиббӣ аз буҷети ноҳиявӣ, 8 муассисаи тандурустӣ аз буҷети шаҳри Душанбе маблағгузоришаванда, 22 муассисаи тобеи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, 4 муассисаи тиббии худмаблағгузор ва 67 адад муассисаҳои хусусӣ фаъолият менамоянд.
Бо мақсади нигаҳдошт ва беҳтар намудани шароити муассисаҳои тандурустӣ аз буҷети маҳаллӣ ба 10 муассисаи соҳаи тандурустӣ дар ин давра ба таври умумӣ 39,2 миллион сомонӣ маблағҳо хароҷот карда шудааст.
Бо мақсади баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, ҷиҳати татбиқи стратегияи давлатӣ оид ба ҳифз ва таъмини ҳуқуқу манфиатҳои зан ва оила, барои амалӣ гардидани ҳуқуқу манфиатҳои онҳо, баробарии гендерӣ, иштироки васеи занҳо дар ҳалли вазифаҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ, идораҳои давлатию ҷамъиятӣ, инчунин ҷиҳати ҷобаҷогузорӣ ва тарбияи кадрҳо аз ҳисоби бонувон аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия як қатор корҳо ба анҷом расонида шуданд.
Айни замон, дар ноҳияи Сино шумораи занон 48,8% яъне зиёда аз 244 ҳазору 497 нафар мебошанд, ки аз ин 310 нафарашон дар вазифаҳои роҳбарикунанда фаъолият менамоянд. Аз он ҷумла, аз 25 минтақа ва 64 маҳаллаҳои ноҳия дар 25-тои он занону бонувони муваффақ роҳбаранд ва аз 40 нафар вакилони ноҳиявӣ 13 нафарашон занону бонувон мебошанд.
Самти занон дар соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи ноҳия назаррас буда, дар соҳаҳои маориф 5693 нафар, тандурустӣ 4965 нафар, соҳибкорзанон 1832 нафар, коммуналӣ 1000 нафар, бонкҳо 40 нафар фаъолият доранд. Дар дастгоҳи Раиси ноҳия аз шумораи умумии 29 нафар кормандон, 7 нафар занон фаъолият доранд, ки аз инҳо 2 нафар ҳайати роҳбарикунанда ва 4 нафар занону духтарон ба захираи кадрҳо ворид карда шуданд.
Дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино аз шумораи умимии хизматчиёни давлатӣ 57 нафар фаъолияткунанда 13 нафаро занон ташкил медиҳанд, ки аз ин шумора 5 нафар кадрҳои роҳбарикунанда мебошад.
Вобаста ба иҷрои қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 8 феврали соли 2024 таҳти №47 «Дар бораи таҷлил намудани 31-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи ҶумҳурииТоҷикистон дар шаҳри Душанбе » ва дастуру супориши Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино, дар доираи нақша чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино, масъулини шуъбаву бахшҳои мақомот бо дидорбини ва бо мақсади ошноӣ пайдо кардан аз ҳаёти сарбозон аёдати сарбозон таҳти унвони «Дар меҳмонии сарбозон» дар қисми ҳарбии 051053, 051064 Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 0120 Қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ карда шуд.
Дар чорабинии мазкур раисони Шӯроҳои занон ва бонувони муассисиаҳои олӣ ва миёнаи касбии ҳудуди ноҳияи Сино саҳми намоён гузошта бо дастовез ба дидорбинии сарбозон омаданд.
Дар ин радиф ба қисмҳои ҳарбии 051053, 051064-и Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қисми ҳарбии 0120-и Қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф намуда сараввал ноҳия, табрикоти самимии роҳбарияти ноҳияро ба кулли афсарону сарбозон расонида дар рафти чорабини роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокмияти давлатии ноҳияи Сино бо сарбозону афсарон мулоқот намуда, таъкид доштанд, ки артиши миллӣ ва шароитҳои қисмҳои низомии кишвар зери тавваҷуҳи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта тамоми шароитҳои заруриро барои хизмат амалӣ карда шуданд. Қайд кардан ба маврид аст, ки дар чорабиниҳои болозикр дар ҳамаи қисмҳои ҳарбӣ чорабинии фарҳангӣ ва дастархони идона баҳри болидаруҳии хотираи сарбозон ташкил ва баргузор карда шуд.
Санаи 7 марти соли 2024 бахшида ба «Рӯзи Модар» дар ноҳияи Сино ҷаласаи тантанавӣ таҳти унвони «Модар чароғи хонадон» дар тарабхонаи «Дидор» маҳфили чорабини бо иштироки 140 нафар собиқадорони схизмати давлатӣ ва фаъолзанон доир гардида, намоиши ҳунарҳои мардумӣ чорабиниро ҳусни оғоз бахшида ба ҳамаи занону бонувон ва иштирокчиён аз тарафи мақомти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.
Дар давраи ҳисоботи дар байни занону ҷавондухтарон дар ҳамкорӣ бо сохторҳои ноҳиявӣ дар маҷмуъ 8 чорабиниҳо аз ҷумла 50 вохуриву мулоқот, 20 рейдҳои муштарак ва корҳои фаҳмондадиҳи оид ба пушидани сару либоси миллӣ, 1озмуни маърифати фарҳангӣ, 2 адад чорабиниҳои фарҳангӣ, 8 адад аксияи тозагӣ, 10 адад аксияи «Тоҷикона мепушем» 3 адад барномаҳои телевизонӣ ва ғайраҳо бо иштироки 5000 нафар бонувон баргузор гардид.
Ҷиҳати амали намудани талаботи банди 2 сархати 22-и Протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 январи соли 2024, №1 оид ба пушидани сару либоси бегона баланд бардоштани эҳсоси ватандустӣ, худшиноси ва ҳувияти миллӣ дар толори мақомоти иҷроия бо иштироки раисони маҳаллаҳо, фаъол занон, имом хатибон, шуроҳои кор бо занон ва роҳбарони марказҳои савдо ва хизматрасонӣ бо иштроки 250 нафар вохӯри гузаронида шуд.
Дар тавозуни Муассисаи давлатии «Ҳунарҳои мардумӣ»-и ноҳия Сино 46 иншоот барои рушди ҳунарҳои мардумӣ фаъолият намуда ба 33 нафар соҳибкорон шартномаи ҳамкори баста шудааст. Аз ҷумла: дузандагӣ 16-адад, пазандагӣ 5- адад, маркази ҳунарҳои мардумӣ 1- адад, талими забономузӣ 3- адад китобхона ва бозии шоҳмот 1- адад, дуредгарӣ 3- адад, толори варзишӣ 2- адад, идора 1-адад ва қолинбофӣ 1- адад кору фаъолият менамояд.
Дар шаш моҳи соли 2024 ҳунарҳои мардумӣ барои 154 нафар ҷойҳои кори доими дар ҷойҳои ҷамъияти ташкил намудааст.
Дар умум дар ҳудуди ноҳия 528 нафар ҳунармандон аз, ин дар корхонаи пилла 300 нафар, дар хонаҳои истиқоматии худ 46 нафар, дар ҷойҳои ҷамъияти 156 нафар, дар маркази ҳунарҳои мардумӣ ва нуқтаи фурӯши растаҳои ҳунармандӣ 6 нафар ва дар корхонаи ҶДММ «Зинатҳои миллии фаровон» 20 нафар кору фаъолият меноянд.
Ҳамзамон дар нимсолаи авали соли 2024 ҳунарҳои мардумӣ дар озмунҳои шаҳриву ҷумҳуриявӣ штирок намуда сазовори ҷойҳои намоён гардидааст.
Дар самти амалӣ намудани сиёсати давлатии ҷавонон дар давраи ҳисоботӣ дар ноҳия 294 адад иншоотҳои варзишӣ, аз ҷумла 1 адад варзишгоҳи марказӣ, 2 қасри теннис, 1 тенниси тобиистона, 2 маҷмаи варзишӣ, 18 адад толорҳои хусусии варзишӣ, 1 адад варзишгоҳ, 3 адад ҳавзҳои шиноварӣ, 1 адад маҷмаи варзишӣ, 14 адад мактабҳои варзишии шаҳрӣ ва ҷумҳуриявӣ фаъолият доранд, ки аз ҷониби масъулини соҳаи варзиш 1071 маротиба мусобиқаҳои оммавию варзишӣ ва татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон бо иштироки 110401 нафар наврасону ҷавонон ташкил ва баргузор карда шуданд.
Оид ба беҳдошти вазъи корҳои пешгирӣ ва профилактикӣ бо ноболиғону ҷавонон як қатор чорабиниҳо дар ҳудуди ноҳия ба анҷом расонида шуд. Бо мақсади пешгирии зуҳуроти номатлуби ҷинояткорӣ, нашъамандию нашъаҷалобӣ миёни наврасону ҷавонон, донишҷӯёни коллеҷҳо, омӯзишгоҳу литсейҳо ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар ҳамкорӣ бо шуъбачаҳои Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони шуъбаҳои 1 ва 2-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Сино вохӯриҳо анҷом дода шуданд.
Вобаста ба дарки пурраи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» аз тарафи Комиссияи оид ба ҳуқуқи кӯдак дар якҷоягӣ бо Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон ва ҷавонон дар шаҳраку маҳаллаҳо ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия пайваста вохӯриву сӯҳбатҳо гузаронида шуда истодааст.
Бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросими ноҳия дар ҳамкорӣ бо комиссияи доимии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо мақсади риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» вобаста ба пешниҳодоти шуроҳои ҷамъиятии шаҳраку маҳаллаҳо дафтари махсуси бақайдгирии ҷашну маросимҳоро тартиб дода, гузаронидани маъракаҳоро назорат менамоянд.
Дар моҳҳои январ – июни соли 2024 дар ноҳия – 1902 адад маърака гузаронида шуда, аз ин тӯйи домодию арӯсӣ – 1823 адад, маросими чил – 55 адад ва маросими сол – 24 ададро ташкил дода, ки хароҷоти умумии маъракаҳо ба ҳисоби миёна ба 7 миллиону 292 ҳазор сомонӣ баробар гардидааст.
Ҷиҳати иҷрои банди 4 нақшаи кории Комиссияи доимоамалкунандаи ноҳиявӣ оид ба танзими анъана ва ҷашну маросим дар ҳамкорӣ бо сохторҳои шаҳрӣ ва ҷумҳуриявӣ дар соли 2024, 727 рейди муштарак гузаронида шуд, ки дар натиҷа 33 адад қонуншиканӣ ба қайд гирифта шуда, парвандаҳо барои баррасӣ ба мақомоти судӣ пешниҳод карда шудаанд.
Дар ҳудуди ноҳия 2 масҷиди ҷомеъи марказӣ, 11 масҷиди ҷомеъ, 10 масҷиди панҷвақтаи дорои иҷозати адои намози ҷумъа ва 28 масҷиди панҷвақта фаъолият менамояд. Шумораи ташкилотҳои динии ғайриисломӣ 11 ададро ташкил медиҳад.
Бояд қайд кард, ки дар шаш моҳӣ соли 2024 дар ноҳия 30751 нафар нафақахӯр ба қайд гирифта шуда, талаботи моҳона барои пардохти нафақа 14,7 миллион сомониро ташкил дод, ки пурра сари вақт ба нафақахӯрон таъмин карда шуд.
Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи ҷашну идҳо анҷом додани амалҳои хайру савоб, кӯмак расонидан ба оилаҳои ниёзманд, фақирону муҳтоҷон, ятимону барҷомондагон ва бепарасторон аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия чораҳои зарурӣ андешида шуда, дар маҷмӯъ дар ин давра ба 6322 нафар ба маблағи 1 миллион 835 ҳазору 573 сомонӣ кӯмакҳои моддию молиявӣ расонида шуд.
Дар шашмоҳи соли 2024 аз тарафи бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ 4990 нафар кӯдакони навзод ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 373 нафар зиёд мебошад.
Инчунин дар ин давра 540 адад сабти никоҳ ва 338 адад бекоршавии ақди никоҳ ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 56 адад ҷудошавӣ кам мебошад.
Дар тавозуни Муассисаи давлатии истифодабарии роҳҳои ноҳияи Сино (бо назардошти воридшавии роҳҳо аз ноҳияи Рудакӣ) 267,06 км роҳҳо қарор дорад.
Дар ҳудуди ноҳия таъмири ҷории роҳҳо дар масоҳати 42000 метри мураббаъ ба нақша гирифта шуда, дар масоҳати 18959 метри мураббаъ аз таъмири ҷорӣ бароварда шуданд, ки 45,1 фоизи иҷроиши нақша мебошад.
Дар ҳамин давра бо ташабусӣ сокинон ва соҳибкорон 4193 метри мураба роҳҳои дохилии маҳаллаҳо мунфарш карда шуд.
Вобаста ба иҷрои қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 6 июни соли 2022, №275 Оид ба нақшаи чорабиниҳо дар бораи ниҳолшинонию сабзкорӣ дар мавсими тирамоҳи соли 2023 ва баҳори соли 2024” нақшаи чорабиниҳо таҳия ва тасдиқ гардид. Дар асоси нақшаи таҳрезигардида аз ҷониби ташкилоту муассисаҳои ҳудуди ноҳия новобаста аз шакли моликият ва соҳибкорон зиёда аз 143806 дарахтони сояафкан, ороишӣ, буттагӣ ва мевадиҳанда шинонида шуд, ки 3 баробар зиёд мебошад. Илова бар ин то ин ҷониб дар ҳудуди ноҳия 1 миллиону 856 ҳазору 188 дона гулҳои мавсимӣ, бисёр сола ва гулҳои лола шинонида шуд, ки 135,3 фоизи нақшаро дар бар мегирад
Аз ҷониби муассисаи давлатии истифодабарии роҳҳои ноҳия дар ин давра 9437 бех ниҳолҳои ҳархела шинонида шуд, ки аз ин дарахтони сояафкан 1127 бех, дарахтони ороишӣ 8310 бехро ташкил медиҳад.
Гулҳои лола ба миқдори 325000 дона ба нақша гирифта шуда, 731200 дона шинонида шуд, ки ин нишондод 3,3 баробар зиёд мебошад.
Новаҳои обгузар дар масоҳати 252740 метри тӯлонӣ аз лою ифлосиҳо тоза карда шуда, ҷуйборҳои зери заминӣ ба масоҳати 10917 метри мураббаъ ва партовҳои канори роҳ ба миқдори 5448,2 тонна, инчунин 1189 сар саги бесоҳиб дастгир ва безарар гардонида шуда, ба партовгоҳи умумишаҳрӣ интиқол дода шуд.
Дар ин росто, канорасангҳои хиёбону кӯчаҳои А.Сино, С.Шерозӣ, И.Сомонӣ, Ҳ.Шерозӣ, Б.Ғафуров, Раҳимӣ, Соҳилӣ, Н.Махсум, А.Навоӣ, Б.Ҳамдам, Ҷ. Расулов, Абдуллобеков, Н.Ганҷавӣ, А.Ғуломов, Шамсӣ, Ҷ. Расулов, Тунис, Борбад, Пахтакор, Гипрозем, Варзишӣ, Эстакадаи шаҳраки 82 ва дигар кӯчаҳои ҳудуди ноҳия дар масоҳати 135814 метри мураббаъ рангубор карда шуд.
Ҳамзамон истгоҳҳои нақлиётӣ мусофиркашони дар ҳолати хуби санитари нигоҳ дошта мешавад. Тибқи нақша 18 адади онҳо бошад рангубор карда шуданд. Дар ин росто гузаргоҳҳои зеризаминии ки 13 ададро ташкил медиҳад, ҳамарӯза тоза карда мешавад.
Дар ҳудуди ноҳия корхонаҳои воҳиди «Нақлиёти махсуси партовҳои сахти маишӣ»-и ноҳия ба 926 нуқтаҳои партовпартоӣ хизмат мерасонад, ки аз ҷумла 309 адад дар шахтаҳои баландошёна, 820 адад дар шаҳракҳо, 292 адад дар маҳаллаҳо, 371 адад дар корхонаҳои буҷавӣ, тандурустӣ ва хизматрасонии тиҷоратию саноатӣ ташкил медиҳад.
Дар шаш моҳаи аввали соли 2024 корхона 7490 рейс ба миқдори 74016 тонна партовҳо ва 1250 тонна партовгоҳои бесоҳиб ба партовгоҳи умумишаҳрӣ интиқол дода шудаанд.
Ҳамзамон бояд қайд намуд, ки бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Раиси шаҳри Душанбе оиди тақвият додани корҳо ҷиҳати гузариш ба низоми “биллингӣ” дар самти ҷамъоварии маблағи ҳаққи хизматрасонии партовкашонӣ аз ҷониби корхона 360880 аҳоли ҳизмат мерасонад.
Дар моҳҳои январ – июни соли 2024 аз ҷониби қисмҳои мустақили ҳарбикунонидашудаи Хадамоти давлатии оташнишонии Раёсати хадамоти давлатии оташнишонии шаҳри Душанбе оид ба муҳофизати ноҳияи Сино дар қисмати шимолӣ ва ҷанубӣ 27 ҳодисаи сӯхтор рӯх додааст, ки зарар аз он 77266 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Дар ин давра нисбати роҳбарон ва шахсони масъули ташкилоту корхонаҳои ноҳия 1361 адад протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб додашуда, ба маблағи 213 ҳазору 343 сомонӣ ҷаримабандӣ карда шуд.
Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ноҳия оид ба таҳкими волоияти Қонун, мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва пешгирии қонунвайронкунӣ корҳои муайянро ба анҷом расониданд.
Дар ҳудуди ноҳия дар моҳҳои январ – июни соли 2024 852 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст.
Дар нимсолаи аввали соли 2024 ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе 2604 адад ҳуҷҷат ворид шуд, ки аз ин шумора ба 2341 адад ҳуҷҷат ҷавоби расмӣ гардонида шуда, 263 адади боқимонда мавриди баррасию корбарӣ қарор доранд.
Дар шаш моҳи соли ҷорӣ ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия мактубҳо тавассути мақомотҳои болоӣ ва вазорату идораҳо 1704 адад ва муроҷиати шаҳрвандон 900 адад ворид шудааст.
Дар ҳамин давра 900 адад муроҷиати шаҳрвандони ба қайд гирифта шуда, ба 861 адад муроҷиат ҷавоби расмӣ дода шуда, 39 адад муроҷиат мавриди баррасию корбарӣ қарор доранд.
Муроҷиатҳои шаҳрвандон бештар ба масъалаҳои кӯмаки молиявӣ (42 адад), гирифтани замин (12 адад), оиди сафари Ҳаҷ (257 адад), муроҷиати дастаҷамъона дар самтҳои гуногун (40 адад) ва дигар муроҷиатҳо (477 адад) вобаста мебошад.
Ҳамзамон, аз ҷониби Раиси ноҳия дар ин давра 172 нафар шаҳрвандон қабул гардида, вобаста ба ҳалли муроҷиати онҳо аз ҷониби масъулини мақомот чораҳои таъхирнопазир андешида шуд.
Дар давраи ҳисоботӣ маҷлисҳои машваратию назоратии назди Раиси ноҳия 25 маротиба баргузор гардида, ҳамаи онҳо аз тарафи масъулини дастгоҳи Раиси ноҳия протоколҳо тартиб дода шуданд.
Дар давраи ҳисоботӣ 145 амр ва 120 адад қарорҳои Раиси ноҳия ба тасвиб расида, 1 иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқи ноҳия баргузор гардидааст.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе минбаъд низ фаъолияти худро дар доираи татбиқи барномаҳо барои рушди минбаъдаи иқтисодиву иҷтимоӣ, таъмини волоияти қонун, тақвият бахшидан ба тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон, тараққиёти муттасили саноату сохтмон, беҳтар намудани кори донишомӯзию тарбия дар муассисаҳои таълимӣ равона намуда, баҳри фаъолияти боэътимоди муассисаҳои маорифу тандурустӣ, фарҳангу варзиш, савдову хизматрасонӣ ва коммуналӣ чораҳои саривақтиву зарӯриро амалӣ менамояд.