МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ СИНОИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Нишасти матбуотӣ бо намояндагони воситаҳои ахбори оммаи ҷумҳурӣ оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии ноҳияи Сино дар нимсолаи якуми соли 2024

Published by bro on

Имрӯз санаи 25 июли соли 2024 дар асоси нақшаи тасдиқнамудаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ҳузури намояндагони васоити ахбори оммаи мамлакат ва иштироки масъулини воҳидҳои сохтории ноҳияи Сино нишасти матбуотӣ доир гардид.
Нишасти матбуотиро Раиси ноҳияи Сино муҳтарам Саидзода Тоҷиддин Ниёз оғоз бахшида, ҳозиринро бо тартиб ва шахсони иштирокунанда шинос намуданд. Сипас, дар доираи вақти ҷудошуда Раиси ноҳия ба ҳозирин оид ба натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва дигар соҳаҳои муҳим, нишондиҳандаҳои мусбии иҷроиши нақшаву стратегияҳо, инчунин корҳои анҷомдодашуда дар 6 моҳи гузаштаи соли 2024 ва нақшаҳо барои нимсолаи дуюми соли 2024 дар ноҳия маълумот пешниҳод намуданд. Баъд аз пешниҳоди маълумоти муфассал намояндагони васоити ахбори омма ба Раиси ноҳия вобаста ба баъзе аз мушкилоти ҷойдошта саволу пешниҳодҳои худро пурсиш намуданд, ки аз ҷониби Раиси ноҳия ба онҳо ҷавобҳои мушаххас дода шуд.
Дар охир, бо қаноатмандӣ аз ташкили фазои озод ва мусоид барои мусоҳиба ва баёни андеша рӯзноманигорон миннатдории худро ба роҳбарияти ноҳия изҳор намуданд. Раиси ноҳия, муҳтарам Саидзода Тоҷиддин Ниёз барои иштироки фаъоли васоити ахбори омма изҳори сипос карда, таманиёти нек ба кулли иштирокчиён намуданд!