МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ СИНОИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

ТАҚВИЯТИ КОРҲОИ ФАҲМОНДАДИҲӢ БО АҲЛИ ЗИЁ, ҶАМОАТЧИГӢ ВА ХОДИМОНИ ДИНИ ПОЙТАХТ

Published by bro on

ТАҚВИЯТИ КОРҲОИ ФАҲМОНДАДИҲӢ БО АҲЛИ ЗИЁ, ҶАМОАТЧИГӢ ВА ХОДИМОНИ ДИНИ ПОЙТАХТ

ш. Душанбе. 23.07.2024. Имрӯз бо иштироки муовини Раиси шаҳри Душанбе – Одилзода Дилбар, Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – Гулаҳмадзода Зулфиқор, Раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон – Абдуқодирзода Саймукарам ва муовини директори Маркази исломшиносии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ходимони дин, сардорону мудирони шуъбаву раёсатҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Дастгоҳи Раиси шаҳр, мовинони раиси ноҳияҳои пойтахт, намояндагони сохторҳои болозикр дар сатҳи ноҳияҳо, имомхатибони масҷидҳои ҷомеъ ва раисони маҳаллаву минтақаҳо ҳузур доштанд.

Мулоқоти мазкур дар робита ба дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар аз 9 марти соли 2024, аз 30 майи соли 2024 бо аҳли илм ва маориф ва дастуру супоришҳои протоколии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ оид ба пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву эксремистӣ, ҷинояту ҷинояткорӣ, оворагардӣ, тақлиди фарҳанги бегона, хариду фурӯши одамон, муҳоҷирати меҳнатӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, ташаккули худшиносиву зиракии сиёсӣ, арҷгузорӣ ба муқаддасоти давлат, хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳифзи арзишҳои фарҳанги миллӣ, одоби шаҳрнишинӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирии ҷудошавии оилаҳои ҷавон, саҳмгузорӣ дар ободониву созандагии Ватан, манъ кардани воридшавии наврасону ҷавонон ба марказҳои дилхушӣ, интернеткафеҳо ва дар амал татбиқ намудани қонунҳои миллӣ ва нақшаи чорабиниҳои тасдиқнамудаи  Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе дар якҷоягӣ бо мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои идеологӣ доир гардид.

Ёдовар мешавем, ки дар доираи нақшаи чорабиниҳои тасдиқгардида шуруъ аз 24 июои соли равон то охири моҳи декабр дар маҳаллаҳо ва минтақаҳои ҳудуди ноҳияҳои пойтахт доир мегардад.

DUSHANBE.TJ