МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ СИНОИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

АЁДАТИ САРБОЗОНУ АФСАРОНИ ҚИСМИ ҲАРБИИ 12019 – И ВАЗОРАТИ МУДОФИАИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Published by bro on

АЁДАТИ САРБОЗОНУ АФСАРОНИ ҚИСМИ ҲАРБИИ 12019 – И ВАЗОРАТИ МУДОФИАИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Имрӯз дар доираи Нақшаи чорабиниҳои Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе миёни сарбозону афсарни қисми ҳарбии 12019 – и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоту вохурӣ ва мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ ташкил ва баргузор карда шуд.
Дар чорабинии мазкур масъулини Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе, бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Сино ва қисми ҳарбӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Баъд аз суханронӣ миёни сарбозону афсарон мусобиқаҳои шоҳмоту шашка ва волейбол ташкил ва баргузор карда шуд.
Дар фарҷом роҳбаиият ва ғолибони мусобиқаҳо бо сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.