МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ СИНОИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

МУРОҶИАТНОМАИ МАКОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ СИНОИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ ОИД БА БАЛАНДШАВИИ ҲАРОРАТИ ҲАВО

Published by bro on

МУРОҶИАТНОМАИ МАКОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ СИНОИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ ОИД БА БАЛАНДШАВИИ ҲАРОРАТИ ҲАВО
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар асоси барқияи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №14/1-385 аз 26 июли соли 2024 ба маълумоти аҳолӣ ва масъулини корхонаву муассисаҳои ҳудуди ноҳия мерасонад, ки мувофиқи маълумоти Агентии обуҳавосанҷии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои 27 июл то 1 августи соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ алалхусус шаҳри Душанбе ҳарорати ҳаво гарм шуда то ба 40,43 дараҷа баланд мешавад.
Дар ин робита бо мақсади пешгирӣ аз ҳолатҳои ғарқшавии кӯдакону наврасон дар кӯлу дарёҳо, ҳифзи биноҳои маъмурӣ, истиқоматӣ, иншооту бозорҳо ва марказҳои савдо аз сӯхтор ва дигар намудҳои ҳолатҳои фавқулодда аз масъулин хоҳиш карда мешавад, ки корҳои пешгирикунандаро бо истифода аз қувва ва воситаҳои зарурӣ роҳандозӣ намоянд.