МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ СИНОИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

БАРГУЗОРИИ МУЛОҚОТУ ВОХУРИҲО БО СОҲИБКОРОНИ МАРКАЗҲОИ САВДОИ НОҲИЯ

Published by bro on

БАРГУЗОРИИ МУЛОҚОТУ ВОХУРИҲО БО СОҲИБКОРОНИ МАРКАЗҲОИ САВДОИ НОҲИЯ
Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷиҳати пеш бурдани корҳои идеологӣ ва суҳбату вохӯриҳо бо соҳибкорони бозорҳо ва марказҳои савдои ҳудуди ноҳияҳои пойтахт, имрӯз бо иштироки намояндагони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ва ҳамзамон намояндаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҶДММ Маркази савдои “Сафариён”-и ноҳияи Синои пойтахт бо ҷалби соҳибкорон, мулоқоту вохӯриҳо доир карда шуд. Зимни баргузории мулоқоту вохӯриҳо намояндагон дар самти тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон, пешгирии фарҳанги бегона, ҷинояту ҷинояткорӣ, шомилшавӣ ба гурӯҳҳои иртиҷоӣ, ҷудошавии оилаҳои ҷавон, хурофотпарастӣ, ба тоза нигоҳ доштани ҷойҳои кори ва саломатии хеш, риояи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон”, вазъи мураккаби сиёсии ҷомеаи ҷаҳон, ва ободкори дар бозор ва дигар мавзуъҳои мубрами рӯз, суханронӣ намуданд. Дар фарҷоми мулоқоту музокирот дар байни соҳибкорони хурди маркази савдо корҳои ташвиқотиву тарғиботи гузаронида ба бархе аз суолҳои шаҳрвандон ҷавобҳои мушаххас дода, онҳоро воддор намуданд, ки минбаъд низ тибқи корҳои фаҳмондадиҳи намояндагон дар вақташ иҷро намоянд. Пас аз мулоқоту вохӯриҳо дар доираи ҳамкориҳои минбаъда акси хотирави намояндагон бо соҳибкорони ҷавон гирифта шуд.