МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ СИНОИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

ТАҚВИЯТИ КОРҲОИ ФАҲМОНДАДИҲӢ БО СОКИНОНИ МАҲАЛЛАҲОИ НАВОБОДИ БОЛО ВА ПОЁНИ НОҲИЯИ СИНО БАХШИДА БА ТАҶЛИЛИ САЗОВОРИ РӮЗИ ИСТИҚЛОЛЯТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Published by bro on

ТАҚВИЯТИ КОРҲОИ ФАҲМОНДАДИҲӢ БО СОКИНОНИ МАҲАЛЛАҲОИ НАВОБОДИ БОЛО ВА ПОЁНИ НОҲИЯИ СИНО БАХШИДА БА ТАҶЛИЛИ САЗОВОРИ РӮЗИ ИСТИҚЛОЛЯТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар робита ба дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар аз 9 марти соли 2024, аз 30 майи соли 2024 бо аҳли илм ва маориф ва дастуру супоришҳои протоколии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ оид ба пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву эксремистӣ, ҷинояту ҷинояткорӣ, оворагардӣ, тақлиди фарҳанги бегона, хариду фурӯши одамон, муҳоҷирати меҳнатӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, ташаккули худшиносиву зиракии сиёсӣ, арҷгузорӣ ба муқаддасоти давлат, хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳифзи арзишҳои фарҳанги миллӣ, одоби шаҳрнишинӣ, нашъамандию нашъаҷалобӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирии ҷудошавии оилаҳои ҷавон, саҳмгузорӣ дар ободониву созандагии Ватан, манъ кардани воридшавии наврасону ҷавонон ба марказҳои дилхушӣ, интернеткафеҳо ва дар амал татбиқ намудани қонунҳои миллӣ аз ҷониби Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе дар якҷоягӣ бо мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва идеологӣ нақшаи муштарак омода ва ба тасвиб расонида шудааст, ки дар доираи он имрӯз бо сокинони маҳаллаҳои Навободи боло ва поёни ноҳияи Сино мулоқот баргузор карда шуд.
Дар мулоқоти мазкур намояндагони Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе, Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаи КДАМ ҶТ, КИ ҲХДТ дар ноҳия, шуъбаи маориф, бахшҳои кор бо ҷавонон ва варзиш, кор бо занон ва оила, дин, танзим ва ҷашну маросими ноҳия иштирок ва суханронӣ намуданд.