МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ СИНОИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

ОЗМУНИ СТИПЕНДИЯИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР НОҲИЯИ СИНО

Published by bro on

ОЗМУНИ СТИПЕНДИЯИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР НОҲИЯИ СИНО
Бо мақсади ҳавасмандгардонӣ ва дастгирии иҷтимоии наврасону ҷавонони лаёқатманд ва дарёфти беҳтарин донишандӯзон мутобиқ ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1-уми августи соли 2015 №508 “Дар бораи Низомномаи стипендияҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ”, фармоиши Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 июни соли 2024, №21 “Дар бораи баргузории озмуни стипендияҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ дар соли хониши 2023-2024” ва қарори Раиси ноҳияи Сино аз 30 июни соли 2024 √136 дар бораи таъсис додани комиссия оид ба масъалаи озмуни стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, касбӣ дар соли хониши 2024-2025 дар ноҳияи Сино, озмуни мазкур ташкил ва баргузор карда шуд.
Дар баргузор намудани озмуни мазкур Раҳимзода Умед-муовини раиси иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон Розиқзода Дилошӯб Сардори Раёсат рушди иҷтимоии ҷавонони дастгоҳи марказии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумат Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шарифзода Бахтиёр муовини Раиси ноҳияи Сино, Бобохонзода Раҷабалӣ Сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе, Гулзод Махкам Ҷумъа мудири бахши кор бо ҷавонони Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе, Шоев Ҷамолиддин мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Сино, Амирулозода Беҳрӯз мудири шӯъбаи маориф иштирок ва суханронӣ намуданд.