МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ СИНОИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

ОБОДИИ ПОЙТАХТ МАРОМИ МО СОКИНОН

Published by bro on

ОБОДИИ ПОЙТАХТ МАРОМИ МО СОКИНОН
Имрӯз дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати тозаю озода намудани кӯчаю хиёбонҳо, боғу гулгаштҳо, каналу ҷуйборҳо ва майдончаҳои варзишӣ аз ҷониби кормандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, масъулини бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия, кормандони МД “Раёсати истифодабарии роҳҳо” ва дигар масъулин ҳашари дастаҷамъона таҳти унвони “Ободии пойтахт мароми мо сокинон” доир карда шуда, дар натиҷа маконҳои вобасткардашуда аз ҳар гуна партовҳо ва алафҳо тоза карда шуданд.