МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ СИНОИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ «СТРАТЕГИЯИ МУҚОВИМАТ БО ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛҲОИ 2021-2025»

Published by bro on

Санаи 7 августи соли 2024 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ҷиҳати натиҷагирӣ аз иҷрои босифат ва саривақтии бандҳои алоҳидаи Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино оид ба «Стратегияи муқовимат бо терроризм ва экстремизм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» дар ноҳия бо иштироки муовини якуми Раиси ноҳия, Искандарзода Беҳрузи Давладмурод, кормандони маркази ягонаи иттилоотӣ оид ба пешгирии экстремизм, терроризм ва киберҷиноятҳои Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳузури масъулини воҳидҳои сохтории ноҳия ҷаласа баргузор карда шуд. Ёдовар мешавем, ки терроризм ва экстемизм чун падидаҳои манфури ҷомеаи муосир бо зуҳур ва ташаккулёбиашон ба низоми давлатдорӣ, рукнҳои муҳимтарини он, бахусус асосҳои сохтори конститутсионии давлатҳои муосир таъсири манфӣ расонида, дар фазои идеологии ҷомеаҳо тавлидгари ҳолати ғайримутаносиб ва фазои номуайяни афкори буҳронӣ мебошад. дода шуда, дар ин самт ба масъулин аз ҷониби мутахассисон дастуру супориш ва тавсияҳои судманд дода шуд.