МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ СИНОИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

ТАҚВИЯТИ КОРҲОИ ФАҲМОНДАДИҲӢ БО СОКИНОНИ МИНТАҚАҲОИ 12,13 ВА ДӮСТИИ НОҲИЯИ СИНО БАХШИДА БА ТАҶЛИЛИ САЗОВОРИ РӮЗИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Published by bro on

Дар робита ба дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар аз 9 марти соли 2024, аз 30 майи соли 2024 бо аҳли илм ва маориф ва дастуру супоришҳои протоколии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ оид ба пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву эксремистӣ, ҷинояту ҷинояткорӣ, оворагардӣ, тақлиди фарҳанги бегона, хариду фурӯши одамон, муҳоҷирати меҳнатӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, ташаккули худшиносиву зиракии сиёсӣ, арҷгузорӣ ба муқаддасоти давлат, хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳифзи арзишҳои фарҳанги миллӣ, одоби шаҳрнишинӣ, нашъамандию нашъаҷалобӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирии ҷудошавии оилаҳои ҷавон, саҳмгузорӣ дар ободониву созандагии Ватан, манъ кардани воридшавии наврасону ҷавонон ба марказҳои дилхушӣ, интернеткафеҳо ва дар амал татбиқ намудани қонунҳои миллӣ аз ҷониби Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе дар якҷоягӣ бо мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ нақшаҳои муштарак омода ва ба тасвиб расонида шудааст, ки дар доираи он имрӯз бо сокинони минтақаҳои 12,13 ва Дӯстии ноҳияи Сино мулоқот баргузор карда шуд.
Дар мулоқоти мазкур намояндагони Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе, Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаи КДАМ ҶТ дар ноҳия, КИ ҲХДТ, бахшҳои кор бо ҷавонон ва варзиш, дин танзими ҷашну маросими ноҳияи Сино иштирок ва суханронӣ намуданд.