ТОЗАГӢ ГАРАВИ САЛОМАТИСТ!”
Бо мақсади иҷрои амру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои ободонию созандагӣ дар гирду гушаи шаҳрамон, ноҳияи Сино вусъати тоза касб менамояд. Дар ин муносибат санаи 17-уми август бо иштироки кормандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар кучаву хиёбонҳои ноҳия ва атрофи он шанбегии дастаҷамъона гузаронида шуд. Ҳайати шахсӣ сарҷамъона ба ҳашар баромада, ба тозакунии бинову гулгашти гирду атрофи минтақаҳо саҳм гузоштанд. Бояд тазаккур дод, ки шанбегӣ ҳафтаи як маротиба ба роҳ монда мешавад. Чун анъанаи неки шаҳрдорӣ дар корҳои ободонӣ аҳли кормандон, ҷиҳати тозаю озода нигоҳ доштани гӯшаву канори ноҳияи Сино бо ташаббусҳои созанда дар ин рӯзҳо бо мақсади боз ҳам зебову дилрабо гардонидани симои пойтахти Ватани азизамон ва баланд бардоштани эътибору манзалати Душанбе ба ҳайси пойтахти давлати соҳибистиқлол дар арсаи ҷаҳонӣ фаъолона ширкат меварзанд.