МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ СИНОИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Қазоқистон

Published by bro on

Баррасии масоили ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон ва мавзуоти мубрами минтақавию ҷаҳонӣ дар мулоқоти хосаи Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев оғоз гардида, дар вохӯрӣ бо ҳайатҳои расмии ду ҷониб идома ёфт.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меҳмони олиқадр ва ҳайати ҳамроҳашро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, ба Қосим-Жомарт Токаев барои таваҷҷуҳи шахсиашон ба таҳкими ҳамаҷонибаи муносибатҳои Тоҷикистону Қазоқистон, ки асоси онро робитаҳои ошкоро, эътимодбахш ва самимӣ ташкил медиҳанд, изҳори сипос намуданд.

Зимни вохӯрӣ масъалаҳои ҳамкории минбаъда дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷорату иқтисод, сармоягузорӣ, саноат, энергетика молия ва бонкдорӣ, кишоварзӣ ва дигар самтҳои мавриди манфиатҳои дуҷониба муҳокима гардиданд.

Таъкид карда шуд, ки Қазоқистон дар миёни шарикони тиҷоратии Тоҷикистон мақоми пешсаф дошта, нишондиҳандаҳои гардиши мол миёни ду кишвар дар ҳоли афзоиши устувор қарор дорад. Чунончӣ, ҳаҷми гардиши мол миёни ду кишвар дар нимсолаи соли равон дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 20 фоиз афзудааст.

Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҳаҷми гардиши молро то ба 2 миллиард доллари амрикоӣ расонанд.

 Гуфта шуд, ки дар Тоҷикистон 92 корхонаи муштарак бо ҷалби сармояи Қазоқистон ва дар кишвари дӯст 89 корхона бо иштироки соҳибкорони тоҷик фаъолият дорад. Давоми 5 соли охир ба иқтисоди Тоҷикистон 700 миллион доллари амрикоӣ аз Қазоқистон сармоя ворид гардидааст.

Зимни музокирот иқтидори бузурги мавҷуда барои густариши минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод ва сармоягузорӣ таъкид карда шуд.

Аз ин, тавре таъкид гардид, натиҷаҳои форуми тиҷоратии Тоҷикистон ва Қазоқистон, ки 21 август дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон дар Душанбе баргузор шуд, дарак медиҳад.

Дар ҳошияи ин чорабинӣ ҷонибҳо 14 қарордоди тиҷоратӣ ва созишномаи ҳамкорӣ ба маблағи умумии 1,2 миллиард доллар ба имзо расониданд.

Дар ин зимн пешниҳод гардид, ки самаранокии кори Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ тақвият бахшида шуда, иқтидори он мавриди истифодаи васеъ қарор гирад.

Таъкид гардид, ки дар соҳаи саноати Тоҷикистон барои ҳамкорӣ дар бахшҳои кимиё ва маъданҳои кӯҳӣ, азхудкунии конҳои нафту газ, ангишт, коркарди алюминий ва дигар металлҳо имкониятҳои зиёд мавҷуд аст.

Зимни вохӯрӣ тезонидани раванди татбиқи лоиҳаи таъсиси се маркази логистикӣ барои интиқоли маҳсулоти содиротии Тоҷикистон ба Қазоқистон зарур шумурда шуд.

Гуфта шуд, ки имрӯз беш аз 80 дарсади содироти меваю сабзавоти Тоҷикистон ба Қазоқистон равона мегардад ва ин раванд дар ҳоли афзоишёбӣ қарор дорад. Аз Қазоқистон ба Тоҷикистон бошад, ба миқдори калон гандум, орд ва дигар маҳсулоти ғалладонагӣ ворид мегардад.

Танҳо дар соли гузашта ҳиссаи ин намуди маҳсулот дар сохтори умумии воридоти Тоҷикистон аз Қазоқистон қариб 40 фоизро ташкил дод.

Дар мулоқот бо изҳори қаноатмандӣ атрофи татбиқи мувофиқаҳои дар соҳаи рақамикунонӣ бадастомада, таъкид гардид, ки соли равон 100 мутахассиси ин бахш аз Тоҷикистон дар марказҳои муосири технологияҳои иттилоотии Қазоқистон ба таҳсил фаро гирифта мешаванд.

Аз сатҳи ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёту транзит, боркашонию мусофирбарӣ ва кушодашавии хатсайрҳои автобусҳо  ва парвозҳои мунтазам миёни пойтахтҳои ду давлат изҳори қаноатмандӣ карда шуд.

Рушди ҳамкорӣ дар бахшҳои сайёҳӣ ва робитаҳои байни минтақаҳои ду кишвар аз мавзуъҳои дигари вохӯрӣ буд.

Зимни мулоқот таъкид гардид, ки муносибати байнипарлумонии кишварҳо босуръат таҳким ёфта истодааст. Дар ин самт фаъолияти Комиссияи доимӣ оид ба ҳамкории палатаҳои болоӣ ва гурӯҳҳои дӯстии палатаҳои поёнии парламентҳо назаррас арзёбӣ карда шуд.

Гуфта шуд, ки айни ҳол дар муассисаҳои олии таълимии Қазоқистон наздики 400 шаҳрванди Тоҷикистон ва дар кишвари мо 100 донишҷӯ аз давлати дӯст таҳсили илм доранд.

 Дар ин зимн ҷонибҳо андешидани тадбирҳои муштаракро барои рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои илму маориф, фарҳанг ва санъат зарур шумурданд.

Таъкид шуд, ки ҳамкорӣ дар соҳаи амният дар муносибатҳот ду кишвар мавқеи муҳим дорад.

Ҷонибҳо минбаъд низ ҳамоҳангсозии фаъолияти хадамоти махсусро дар самти мубориза бо терроризму ифротгароӣ, зуҳуроти радикализм, ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷиноятҳои киберӣ зарур донистанд.

Дар рафти музокирот ҷонибҳо ҳамчунин ҳамкории кишварҳо дар чаҳорчуби ташкилоту созмонҳои минтақавию ҷаҳонӣ, аз қабили Созмони Милали Муттаҳид, Созмони Ҳамкории Шанхай, Созмони аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ, Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиёро баррасӣ намуданд.

Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Қазоқистон 22.08.2024

president.tj