ИҶЛОСИЯИ БИСТУ ЯКУМИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ НОҲИЯИ СИНОИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ, ДАЪВАТИ ШАШУМ
ИҶЛОСИЯИ БИСТУ ЯКУМИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ НОҲИЯИ СИНОИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ, ДАЪВАТИ ШАШУМ
Имрӯз дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Иҷлосияи бисту якуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, даъвати шашум баргузор гардид.
Дар Иҷлосия вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, муовини якум, муовинон, роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия, мудирони шуъбаю бахшҳои мақомот, инчунин воҳидҳои сохтори ноҳиявӣ, сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, кормандони соҳаи маориф, тандурустӣ, имомхатибон, сардорони минтақа ва раисони Шӯрои маҳаллаҳо иштирок доштанд.
Сараввал барои оғози кори иҷлосия аз тарафи вакилон ҳайати котибот ва Комиссияи таҳририя пешниҳод ва интихоб карда шуд.
Баъдан тибқи рӯзномаи иҷлосия муовини Раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳаи иҷтимоӣ, фарҳанг ва танзим Сафарализода С.С Дар бораи фаъолиятӣ корӣ, дастоварду пешравиҳои соҳаи иҷтимоӣ, маориф, фарҳанг дар асоси қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанбе қайд намуд.
Таъкид карда шуд, ки оид ба пешгирии ҷинояткорӣ дар байни мактаббачагон ва масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд аҳмияти ҷиддӣ дода шуда, комиссияи корӣ таъсис дода шавад.
Вобаста ба корҳои ободонӣ аз ҷониби Раиси Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ба масъулини соҳа ва сохторҳио дахлдори ноҳия дастур дода шуд, ки ҷиҳати таъмини дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои сарсабзу зебо гардидани шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷидди корбарӣ намуда, фаъолиятро дар ин самт ҷоннок намоянд.
Доир ба масъалаи дуюм ба Искандарзода Б. муовини якуми Раиси ноҳия таъкид карда шуд, ки омодагиро ба давраи зимистонгузаронии соли 2024-2025 ҷиддӣ намуда, таъмини иҷроиши нақшаи зимистонгузарониро дар сатҳи баланд омода намоянд.
Доир ба масъалаи сеюми иҷлосия ба муовини соҳаи саноат; Хушвахтзода Ф. Ҳ., оид ба ҷалби кормандони ихтисосманд дар кор бо технологияҳои муосири корхонаву саонатҳои ҳудуди ноҳия супоришҳо дода шуд.
Доир ба масъалаи чоруми иҷлосия муовини Раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳаи иҷтимоӣ, фарҳанг ва танзим Сафарализода С.С. татбиқи нақшачорабиниҳо ва барномаҳои мунтаззам бо қишри ҷомеа бо ҷалби кормандон ва сохторҳои ҳудуди ноҳияи Сино фаъолгардонии нақши сокинон дар ҳаёти иҷтимоию сиёсӣ ва таъмини иҷрои Нақша-чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар ин самт ба ҳамаи масъулини соҳаҳо дастур дода шуд, ки то охири сол омодагӣ ва фаъолияти соҳаҳоро, аз ҷумла соҳаи рушди иҷтимоӣ, маориф, тандурустӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва дигар сохторҳоро зери назорат қарор дода, корбарӣ намоянд.
Масъулини соҳаҳо муваззаф карда шуданд, ки тибқи қарори Раиси шаҳри Душанбе дар муҳлатҳои муайяншуда вазифаҳои дар уҳдадоштаро таъмин намоняд.
Ба сардорони минтақаву маҳаллаҳо дар ноҳияи Сино дастур дода шуд, ки доир ба захираҳои пешбинишуда дар давраи зимистонгузаронӣ ҷиддӣ назорат бурда, саривақт партовҳои ҳудуди ноҳия тоза карда шаванд.
Ҳамзамон сардори Муассисаи давлатии истифодабарии роҳҳои ноҳия муваззаф гардид, ки нисбати роҳҳои кандашуда дар кӯчаву хиёбонҳо ва дохили минтақаю маҳаллаҳо бо сохторҳои дахлдор корбарӣ намоянд.
Дар ҷамъбасти иҷлосия Раиси ноҳияи Сино муҳтарам Саидзода Т.Н. ҳозиринро бо омади Рӯзи Забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шодбош гуфта, қарорҳои Раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе тасдиқ карда шуд.