МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ СИНОИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Таҷлили Рӯзи забони давлатӣ ва Рӯзи омӯзгор дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе

Published by bro on

Имрӯз санаи 3.10.2024 дар толори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии 19 конференсияи илмӣ-назариявӣ ва инчунин барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ бо иштироки Раиси ноҳияи Сино Саидзода Тоҷиддин Ниёз, Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Шоҳмурод, Узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Абдуллоҳи Раҳнамо ва кормандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе баргузор карда шуд.
Дар рафти чорбанӣ иштирокчиён вобаста ба дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар бораи Таҷлили Рӯзи забони давлатӣ ба аҳли зиёи ноҳияи Сино дар мавзӯи муҳтаво ва таърихи забони давлатӣ мулоқот баргузор намуданд.