МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ СИНОИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

БАРГУЗОРИИ ОЗМУНИ “ХУШДОМАНИ БЕҲТАРИН” ДАР НОҲИЯИ СИНОИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Published by bro on

Имрӯз, тибқи Қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз 6 августи соли 2024, таҳти рақами 543 ҷиҳати таҳкими ниҳоди оила ва масъулиятнокии падару модар ва фарзандон дар муносибатҳои оилавӣ, миёни 4 хонаводаи беҳтарин ва намунавии ҳудуди ноҳияи Сино озмуни “Хушдомани беҳтарин” баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур, муовини Раиси ноҳия Сафарализода Ситора , намояндаи Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Дилноза Каюмова ва мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи ноҳия Ҳасанзода Шаҳло иштирок намуда, аз рӯи шартҳои дар Низомнома дарҷгардида ғолибонро баҳогузорӣ намуда, беҳтаринҳоро ба даври шаҳрӣ пешбарӣ намуданд.
Бояд зикр намуд, ки ҳадаф аз баргузории озмуни мазкур, ин баланд бардоштани масъулияти оила дар таҳкими фарҳанги оиладорӣ ҳамчун арзиши муҳими иҷтимоиву фарҳангӣ, боло бурдани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва рӯзгордории оилаҳо, солиму устувор ва пойдор нигоҳ доштани оилаҳо, коҳиш додани шумораи бекоршавии ақди никоҳ, баланд бардоштани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи кӯдак ва омода намудани ҷавонон ба ҳаёти мустақилона ва ҳидояти онҳо ба нигоҳубин ва парастории волидайн иборат мебошад.