МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ СИНОИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ КОРӢ ДАР ПОЙТАХТ

Published by bro on

Бо мақсади иҷрои банди 36 Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 декабри соли 2023, №АП-470 «Ҷадвали баргузории ҷашну солгард, фестивалу намоиш, иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаю ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024» ва иҷрои банди 28-и қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 6 феврали соли 2024, №59 «Дар бораи тасдиқи ҷадвали баргузории фестивалу намоиш, иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаю ҳунарҳои мардумӣ дар шаҳри Душанбе барои соли 2024» оид ба баргузории озмуни «Қаннодӣ, ҳалвопазӣ, шириниҳои миллӣ ва муосир» дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷаласаи корӣ баргузор гардид.