Ифтитоҳи Мактаби хусусии Рӯё дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе.
Бо мақсади иҷроиши дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ, бо мақсади вусъат бахшидани корҳои созандагиву ободонӣ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, ифтитоҳи мактаби хусусии Рӯё бо иштироки
Муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Табарзода Ҷамшед Афзал, Раиси ноҳияи Сино муҳтарам Саидзода Тоҷиддин Ниёз, муовинон ва кормандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино шаҳри Душанбе ба роҳ монда шуд.
Мактаби хусусии Рӯё
аз 3 ошёна иборат буда, бо тамоми таҷҳизотҳои замонавӣ таъмин шудааст. Мактаб дорои 400 ҷойи хониш ва 35 ҷойи нави корӣ буда, забони таълим бо забонҳои англисӣ ва русӣ ба роҳ монда шудааст. Мактаб иборат аз майдони варзишӣ мувофиқ ба талоботи ҷаҳони сохта ва ба истифода дода шуда, дорои толори варзишии тобистона ва зимистона, мачлисгоҳ, ошхона, майдончаи варзиши, ошпазӣ, 21 синфхонаи дарсӣ, синфхонаи роботсозӣ, синфхонаи барномасозӣ, синфхонаи химия ва физика мебошад.